
Мусо Диноршоев соли 1959 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм намуда, фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун корманди илмии шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз кард. Дар тӯли фаъолияти чандинсолаи худ ӯ дар вазифаҳои гуногуни илмӣ ва роҳбарикунанда, аз ҷумла ходими хурди илмӣ, мудири бахши таърихи фалсафа, сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик, мудири шуъбаи фалсафа, директори Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи ноябри соли 2012 то охири умр ҳамчун мушовири Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон хизмат кардааст.
Фаъолияти илмии Мусо Диноршоев пеш аз ҳама ба таҳқиқи масъалаҳои ҳастишиносӣ, маърифатшиносӣ, мантиқ, фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсатшиносӣ дар таърихи афкори фалсафии ҷаҳони ислом бахшида шудааст. Ӯ дар муқобили назарияҳои аврупомарказгароёна бо далелҳои муътамади илмӣ собит намуд, ки дар ҷаҳони ислом низ анъанаҳои пурқуввати тафаккури фалсафӣ ва озодандешӣ вуҷуд доштаанд. Олим бо таҳлили амиқи осори мутафаккирони бузурги Шарқ, аз ҷумла Форобӣ, Абӯбакри Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Абӯҳомид Ғаззолӣ, Шаҳобиддини Суҳравардӣ, Насириддини Тӯсӣ, Ибни Халдун ва хусусияти эҷодкорона ва мустақили фалсафаи эронитаборон ва арабиро ба таври илмӣ асоснок кардааст.
Мусо Диноршоев дар баробари таҳқиқоти илмӣ ба таълифи китобҳои дарсӣ ва тарҷумаи осори классикии фалсафа низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Ӯ ҳаммуаллифи китоби дарсии «Фалсафа» ва дастури таълимии «Очеркҳо аз таърихи фалсафа» буда, як қатор асарҳои муҳимми мутафаккирони Шарқро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Аз ҷумла, тарҷумаҳои «Зиндагиномаи Ибни Сино», «Ишорот ва танбеҳот»-и Ибни Сино, «Зод-ул-мусофирин»-и Носири Хусрав, «Фалсафа ва калом», «Шиносоӣ бо улуми исломӣ» ва «Таҳофут-ул-фалосифа»-и Абӯҳомид Ғаззолӣ аз ҷумлаи корҳои арзишманди ӯ ба шумор мераванд.
Мусо Диноршоев муаллифи қариб 300 асари илмӣ буда, бахши зиёди онҳо ба омӯзиши афкори фалсафии мутафаккирони Шарқ бахшида шудаанд. Китобҳои «Фалсафаи Насириддини Тӯсӣ», «Ибни Сино ва ақидаҳои фалсафии ӯ», «Табиатшиносии фалсафии Ибни Сино», «Аз таърихи фалсафаи тоҷик», «Носири Хусрав ва “Зод-ул-мусофирин”», «Масъалаҳои фалсафаи Ибни Сино» ва «Фалсафаи плюралистии Абӯбакри Розӣ» аз муҳимтарин осори илмии ӯ маҳсуб меёбанд.
Яке аз хизматҳои бузурги академик Мусо Диноршоев ташаккули мактаби миллии фалсафаи тоҷик мебошад. Бо талошҳои пайгиронаи ӯ мактаби фалсафаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид ва даҳҳо муҳаққиқону олимони ҷавон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Афғонистон, Беларус, Эрон, Қирғизистон ва Россия таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд.
Мусо Диноршоев на танҳо як олими варзида, балки муаррифгари арзишҳои маънавӣ ва мероси ғании фалсафии халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳон буд. Ӯ бо фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ва осори гаронбаҳои худ дар рушди илми фалсафа ва худшиносии миллӣ саҳми бузург гузоштааст.
Академик Мусо Диноршоев 29 сентябри соли 2020 аз олам даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Номи ӯ ҳамчун яке аз бузургтарин файласуфон ва донишмандони тоҷик дар таърихи илми миллӣ ҷовидон боқӣ хоҳад монд.