
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи имсола корҳои омодагии васеъ анҷом додааст. Барои кормандони марказҳои имтиҳонӣ омӯзишҳои махсус ташкил гардида, бо мақсади таъмини шаффофият ва риояи меъёрҳои ягона дар тамоми марҳилаҳои имтиҳонсупорӣ тадбирҳои иловагии ташкилию техникӣ амалӣ шудаанд.
Бо мақсади фарогирии тамоми минтақаҳои кишвар, имсол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 55 маркази имтиҳонӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон, тамоми маводи зарурӣ, аз ҷумла намунаҳои саволу масъалаҳои тестӣ, нақшаи қабул ва дастурамалҳо тавассути сомонаи расмии Марказ барои истифодаи довталабон дастрас карда шудаанд.
ТВ Илм ва табиат