Табиат қудрати офаридани муъҷизаҳои зиёдро дорад. Маҳз ҳамин бузургии табиат боис гардидааст, ки сайёраи Замин зебоӣ ва рангорангиҳои зиёд дорад. Шаршараи Сальто-дель-Агрио дар минтақаи Патагония, дар ҳудуди кишвари Аргентина ҷойгир аст. Баландии шаршара тақрибан ба 60 метр мерасад ва бо қабатҳои рангоранги сангҳои базалтӣ машҳур мебошад, ки бо оби фирӯзаранг манзараи нодир ва ҷолиб эҷод мекунанд.Ин шаршара дар дараи вулқонӣ воқеъ буда, яке аз ҷозибаҳои табиии муҳими минтақаи Кавиауэ ба шумор меравад. Шаршараи Сальто-дель-Агрио бо рангҳои ғайриоддии сангҳояш машҳур аст, ки аз таъсири маъданҳо ва фаъолияти вулқонӣ ба вуҷуд омадаанд.