
Терроризм зуҳуроти хатарнокест, ки бо роҳи тарс, зӯроварӣ ва таҳдид мехоҳад ҷомеаро ба изтироб андозад. Ҳадафи асосии он халалдор сохтани амният, ноором кардани ҷомеа ва ба вуҷуд овардани боварии ноустувор дар миёни мардум мебошад.
Экстремизм бошад, шакли тафаккур ва идеологияи ифротист, ки инсонро ба радикализм, душманӣ ва зӯроварӣ мебарад. Ин ду зуҳурот бо ҳам пайванди зич доранд ва дар якҷоягӣ метавонанд ба оромии ҷомеа зарбаи сахт расонанд.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба ҳеҷ миллату давлат манфиат наовардааст. Баръакс, ҳар ҷое ки ин зуҳурот реша давондааст, он ҷо фақат харобӣ, ҷанг, тарсу ҳарос, ноамнӣ ва талафоти ҷонӣ ба вуҷуд омадааст. Амалҳои террористӣ на танҳо ҷони инсонҳоро мегиранд, балки орзуҳо, нақшаҳо ва умеди садҳову ҳазорон хонаводаҳоро барбод медиҳанд. Як амали террористӣ метавонад зиндагии садҳо нафарро тағйир диҳад. Содда карда гӯем модаре фарзандашро аз даст медиҳад, кӯдаке бе падар мемонад, оилае аз шодии зиндагӣ маҳрум мегардад ва бадтар аз ҳама нуфузи миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ паст мегардонад. Ин ҳама фоҷиаҳо нишон медиҳанд, ки терроризм то чӣ андоза бераҳмона ва зиддиинсонӣ аст.
Экстремизм бошад, пеш аз ҳама ба шуури инсон ҳамла мекунад. Тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ бештар кӯшиш мекунанд ҷавонони ноогоҳ, камтаҷриба ё онҳое, ки дар ҷустуҷӯи роҳи зиндагӣ ҳастанд, ба доми худ кашанд. Шахсе, ки қонуниятҳои маъмулии ҳаётро намедонад ба осонӣ фирефтаи торҳои танидаи ин маккорон мегардад. Онҳо бо истифода аз шиорҳои зебо, ваъдаҳои бардурӯғ ва тафсирҳои ғалати динӣ ё сиёсӣ кӯшиш мекунанд, ки афродро фиреб диҳанд. Бо истифода аз дини мубини Ислом мардумро ба ҷиҳод даъват намуда, ба ин васила мақсадҳои муғризонаи худро амалӣ мекунанд. Мутаассифона, баъзе ҷавонон, ки аз моҳияти ҳақиқии чунин гурӯҳҳо огоҳ нестанд, ба доми онҳо меафтанд ва дар ниҳоят ба василаи иҷрои амалҳои хатарнок табдил меёбанд.
Бояд таъкид кард, ки терроризм ва экстремизм на миллат доранд, на дин ва на арзишҳои инсонӣ. Ҳеҷ як дини осмонӣ одамонро ба зӯроварӣ, куштор ва харобкорӣ даъват намекунад. Баръакс, ҳамаи динҳо мардумро ба сулҳ, меҳрубонӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҷони инсон даъват мекунанд. Аз ин рӯ, истифодаи номи дин барои сафед кардани амалҳои террористӣ як фиреби бузург ва таҳқири арзишҳои муқаддас мебошад.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризм ва экстремизм тадбирҳои ҷиддӣ меандешад. Давлатҳо қонунгузории худро тақвият медиҳанд, ҳамкориҳои байналмилалиро густариш медиҳанд ва барои таъмини амният чораҳои иловагӣ меандешанд. Аммо мубориза бо ин зуҳурот танҳо бо қувваи мақомоти қудратӣ маҳдуд намешавад. Пешгирии терроризм пеш аз ҳама ба баланд бардоштани маърифати ҷомеа вобаста аст. Ҳар як шаҳрванд масъул ва вазифадор аст, ки бар зидди чунин зуҳуроти харобиовар муборизаи беамон дошта бошад.
Дар ин раванд нақши оила, мактаб ва ҷомеа ниҳоят муҳим мебошад. Тарбияи дурусти ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи дониш, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ метавонанд ҷавононро аз таъсири идеологияҳои ифротӣ ҳифз намоянд. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки ояндаи Ватан аз онҳо вобаста аст ва ҳар як амали онҳо метавонад ба сарнавишти ҷомеа таъсир расонад.
Барои пешгирии ин падидаҳо ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон муҳим аст. Ҳар як шахс бояд ҳушёр бошад, ба таблиғоти шубҳанок бовар накунад ва дар сурати дидани нишонаҳои фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ба мақомоти дахлдор хабар диҳад. Танҳо дар сурати муттаҳид будани ҷомеа ва масъулияти шаҳрвандон метавон пеши роҳи чунин хатари бузургро гирифт.
Имрӯз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа барои ҳар як миллат арзиши бебаҳо дорад. Таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, ки дар ҷое ки мардум муттаҳид аст ва ба арзишҳои сулҳ эҳтиром мегузорад, идеологияҳои ифротӣ ҷой пайдо карда наметавонанд. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу оромӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди боогоҳ мебошад.
Хулоса, терроризм ва экстремизм воқеан вабои асри XXI мебошанд. Онҳо мисли бемории хатарнок ба ҷомеа роҳ меёбанд ва агар сари вақт пешгирӣ нашаванд, метавонанд зиндагии мардумро ба фоҷиа табдил диҳанд. Аз ин рӯ, мубориза бо ин зуҳурот на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Танҳо бо роҳи баланд бардоштани маърифат, таҳкими иттиҳоди ҷомеа, тарбияи дурусти ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои инсондӯстӣ метавон ояндаи орому амни ҷомеаро таъмин кард.
Зеро сулҳ, амният ва оромии ҷомеа неъматҳое мебошанд, ки ҳар як инсон бояд барои ҳифзи онҳо саҳмгузор бошад. Танҳо дар ҳамин сурат инсоният метавонад аз ин вабои аср раҳо ёбад ва ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузорад.
Файзизода Х.Ғ., сардори шуъбаи РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия