29.08.2026 11.30
шаҳри Душанбе

29 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хабари оқибатҳои фоҷеабори фаромадани ярч ва обхезӣ дар ноҳияи худмухтори Ситсзани Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар иртибот ба пайомадҳои ин офатҳои харобиовари табиӣ ҳамдардӣ ва таслияти самимии худро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтару комил мехоҳам».