Дар байни кӯҳҳои баланду зебои Фон яке аз ганҷҳои нодири табиати Тоҷикистон, Искандаркӯл ҷойгир шудааст. Ин кӯли дилфиреб дар баландии тақрибан 2195 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, бо оби мусаффо ва ранги кабуди зебояш диққати ҳар як меҳмонро ҷалб мекунад.
Кӯл масоҳати тақрибан 3,4 километри мураббаъ дошта, чуқурии он ба 70 — метр мерасад. Атрофи кӯлро кӯҳҳои сарбафалаккашида, водиҳои сабз ва табиати нотакрор иҳота кардааст. Дар наздикии он шаршараи машҳур ҷойгир буда, садои форами оби равон ба манзараи табиат ҳусни дигар мебахшад.
Имрӯз Искандаркӯл яке аз ҷойҳои машҳури сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Сайёҳон аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ба ин ҷо меоянд, то аз ҳавои тоза, манзараҳои зебо ва оромии табиат баҳра баранд.
Искандаркӯл на танҳо як кӯл, балки як гӯшаи афсонавии табиат аст, ки зебоии нотакрори Тоҷикистони азизро ба ҷаҳониён нишон медиҳад.