
Имрӯз аз фаъолияти ТВ “Илм ва табиат” 5 сол сипарӣ гардид. Шабакаи мазкур дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоси худро пайдо намуда, 14 — уми апрели соли 2021, дар Рӯзи илми тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Аз лаҳзаи таъсис ин шабакаи тозанашр рисолати муқаддаси худ — тарғиби илму маърифат ва муаррифии табиати зебои Ватанро ба иҷро расонида истодааст.
Дар тӯли панҷ сол, шабака бо пахши барномаҳои пурмуҳтаво ва ҷолиби худ тавонист ҳазорон бинандаро бо илму кашфиёт ва зебоиҳои табиат ошно созад. Ҳар як барнома равзанаест ба ҷаҳони дониш, кашфи асрор ва эҳсоси пайванд бо муҳити зист.
Хусусияти муҳими шабака он аст, ки тамоми барномаҳо ба забони тоҷикӣ пешниҳод гардида, дастовардҳои олимони ватанӣ ва манзараҳои нотакрори кишвар бо забони дилнишин инъикос гардонд. Ин раванд дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву илмӣ нақши муҳим мегузорад.
Имрӯз ТВ «Илм ва табиат» на танҳо як шабакаи телевизионӣ, балки мактаби маърифат, майдони парвариши андешаи солим ва пуле миёни илм ва ҷомеа мебошад. Пахши чорабиниҳои муҳими илмӣ, аз ҷумла озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва «Илм фуруғи маърифат» гувоҳи равшани нақши он дар ташаккули насли донишманд аст.
Умедворем, ки ин шабака дар солҳои минбаъда низ парчами илму маърифатро баланд нигоҳ дошта, дар рушди зеҳнии ҷомеа саҳми боз ҳам арзишманд мегузорад.
Ин рӯзи фараҳ ба кулли бинандагон, ҳаводорон ва кормандони телевизиони «Илм ва табиат» хуҷаста бод!
Ташаккур, ки бо мо ҳастед!