Расо 65 сол пеш муқаддам, ҳодисаи фараҳбахш-фатҳи Кайҳон аз тарафи инсон ба амал омад.
12 апрели соли 1961 кайҳоннаварди шӯравӣ ва майори нерӯҳои ҳавоӣ Юрий Алексеевич Гагарин аввалин парвози кайҳонии инсонро дар ҷаҳон бо киштии кайҳонии «Восток» анҷом дод. Ин киштии кайҳонӣ соати 9:07-и субҳ ба вақти Маскав (06:07 ба вақти ҷаҳонӣ) космодроми Байконури Шӯравӣ (Қазоқистон) парвоз кард. Ин киштии кайҳонӣ муддати 108 дақиқа дар атрофи Замин як давр зада, соати 10:53-и субҳи ҳамон рӯз дар наздикии деҳаи Смеловка дар вилояти Саратов ба Замин фурӯд омад. Ин аввалин киштии кайҳонӣ дар ҷаҳон буд, ки инсон бо он ба фазои кушоди Кайҳон баромада, онро фатҳ намуд ва ин ҳам бошад аз тарафи Иттиҳоди шӯравӣ амалӣ гашт.
14 апрели соли 1961 Маскав Гагаринро ҳамчун қаҳрамони миллӣ истиқбол кард. Ҳангоми расидан ба фурудгоҳи Внуковои Маскав, Гагарин ботантана ба Н. С. Хрушев дар бораи иҷрои супориши ҳукуматиаш гузориш дод. Ҳамон рӯз ба Гагарин медали Ситораи тиллоии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордени Ленин супурда шуд. Ӯ рутбаи низомии майори Нерӯҳои Ҳавоӣ, рутбаи пилоти низомии дараҷаи 1 ва унвони фахрии пилот-кайҳоннаварди ИҶШС-ро гирифт. Ҳукумат инчунин ба Гагарин мошини сабукрави «Волга», як хонаи чорҳуҷрагӣ дар ҷои хизматаш ва мукофоти пулӣ тақдим кард.
Парвози Юрий Гагарин аксар вақт бо чунин рӯйдодҳои муҳиме муқоиса карда мешавад, ки ба марҳилаҳои таърихӣ табдил ёфтаанд, ба монанди сафари Христофор Колумб, ки боиси кашфи Амрико гардид, ё аввалин парвози Ҷон Алкок ва Артур Браун аз болои уқёнуси Атлантик.
Парвози киштии кайҳонии «Восток» дар 12 апрели соли 1961 сатҳи баланди техникӣ ва илмии ИҶШС-ро тасдиқ кард ва рушди барномаи кайҳониро дар Иёлоти Муттаҳида суръат бахшид. Парвоз имконияти зиндагии муқаррарии инсонро дар кайҳон нишон дод. Юрий Алексеевич Гагарин яке аз машҳуртарин одамони сайёра шуд.
Яке аз сабабҳои интихоби Гагарин дар ин парвоз ахлоқи хуб ва табассуми зебои он буд.
Ҳангоми парвоз гуфта буд: як кас барои ҳама, ҳама барои як кас.
Ю.А. Гагарин бо чандин мукофоту ҷоизаҳо, медалҳои қаҳрамонии дигар давлатҳо низ мушарраф шуд.
Тавсифотҳои киштии кайҳонии Восток ва парвози он
Массаи киштӣ — 4725 кг
Дарозӣ (бе антеннаҳо)-4,4 м
Андозаи максималӣ-2,43 м
Адади даврзанӣ-1
Масофаи тай карда-40 868,6 км
Моилии мадор (доираи ҳаракат) нисбати экватори Замин-65 дараҷаи кунҷӣ
Баландтарин нуқтаи парвоз (апогей) -327 км
Дуртарин нуқтаи парвоз (перигей) — 181 км.