
Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ оғоз карда, баъдан дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки бо ҳаракати спинии электронҳо алоқаманданд, машғул шудааст. Соли 1995 рисолаи илмии худро пеш аз муҳлат дифоъ намудааст.
Солҳои 1995–1998 ҳамзамон бо фаъолият дар донишгоҳ докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, таҳқиқоти илмии худро дар Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Русия идома додааст. Дар натиҷа рисолаи докториро дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои физика ва математика гардидааст.
Дар давраи фаъолияти касбӣ аз соли 1995 то 2000 ба ҳайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2001–2005 вазифаи сардори раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии ҳамин донишгоҳро ба уҳда дошт.
Солҳои 2005–2006 муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2006–2013 муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2013 то 2020 Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва солҳои 2020–2024 Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд. Аз 16 январи соли 2024 раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Фарҳод Раҳимӣ муаллифи 4 монография, 8 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ ва зиёда аз 95 мақолаи илмӣ мебошад.
Бо фаъолияти пурсамараш бо як қатор ҷоизаҳо қадрдонӣ шудааст, аз ҷумла: нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ордени «Шараф» дараҷаи II, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар бахши «Илм ва технология».