Дар ҷараёни чорабинӣ, оид ба аҳамияти ҳифзи муҳити зист ва табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва нақши ҷавонон дар пешбурди фарҳанги экологӣ таваҷҷуҳ кара шуд.
Иштирокчиён зимни боздид аз минтақа бо экосистемаи нодири кӯҳӣ, табиати зебо, олами набототу ҳайвоноти маҳаллӣ ва гуногунии биологии Резервати биосферии «Ромит» аз наздик шинос шуданд. Чорабинӣ ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, тарғиби муносибати масъулона нисбат ба табиат ва таҳкими ҳисси ҳифзи мероси табиии кишвар мусоидат менамояд.