6 июли соли 2026 соати 22:31 ба вақти ш. Душанбе (соати 17:31 ба вақти ҷаҳонӣ) Замин аз нуқтаи афелии худ мегузарад. Афелий ин нуқтаи дуртарини Замин нисбат ба Офтоб мебошад. Офтоб аз сатҳи Замин бо андозаи зоҳирии хурдтарин дида мешавад.
Нуқтаи наздиктарини Замин ба Офтобро перигелий меноманд.
Масофаи перигелии Замин ба 147,1 млн. км ва афелиаш бошад, ба 152,1 млн. км баробар аст. Ин аст, ки дар муддати ним сол Замин ба Офтоб 5 млн. км наздик (дар перигелий) ва аз он 5 млн. км дур (дар афелий) мешавад. Андозаи зоҳирии Офтоб дар перигелий будани Замин нисбат дар афелий буданаш 3% калонтар аст.
Саволе ба миён меояд. Агар Офтоб дар нуқтаи афелий аз Замин дар масофаи дуртарин ҷойгир бошад, пас дар ин вақт бояд дар сатҳи Замин зимистон бошад ва дар нуқтаи перигелий будани он — тобистон. Лекин ин ҳолат ба тағйирёбии фаслҳои сол таъсир намерасонад. Аммо ба тағйирёбии ҳарорати сатҳи Замин таъсир мерасонад (тақрибан 7%).
Вақте, ки Замин нуқтаи афелиаш қарор дорад, дар нимкураи шимолӣ тобистон ва дар нимкураи ҷанубӣ баръакс зимистон аст. Дар нутқи перигелий будани Замин фаслҳои сол баръакс мешаванд.
Ҳамин тариқ, зимистони нимкураи шимолӣ аз зимистони нимкураи ҷанубӣ 7% гармтар ва тобистони он бошад аз тобистони нимкураи ҷанубӣ 7% сардтар аст. Ин аст, ки масоҳати яхи Антарктида аз масоҳати яхи Арктика зиёдтар аст.
Сабаби асосии ивазшавии фаслҳои сол дар сатҳи Замин ин моилии экватори Замин нисбат ба ҳамкории мадори он аст. Ин моилӣ тақрибан ба 23,5⁰ (23,5 дараҷаи кунҷӣ) баробар аст.