



Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи сипаришуда гурӯҳи эҷодии ТВ “Илм ва табиат” барномаву гузоришҳо доир ба формати телевизион аз рӯйдодҳои муҳими илмӣ, манзараҳои нотакрори табиат, дастовардҳои олимони кишвар ва ҷаҳон, инчунин, масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, омилҳои гармшавии глабалӣ аз нигоҳи астрономӣ, атмосферӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимми илмиро таҳия ва манзури бинандагон гардонданд. Ҳамзамон, аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузоришҳо ва барномаҳои телевизионӣ омода гардида, ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.


Дар анҷоми ҷаласа вазифаҳои асосӣ барои давраҳои минбаъдаи фаъолият, аз ҷумла баланд бардоштани сифати барномаҳо, фаъолияти рақобатпазир бо таҳияи барномаҳои илмиву маърифатӣ дар фазои иттилоотии кишвар ва барен аз он дода шуд.