
Тоҷикистон ва тағйирёбии иқлим
Ба андешаи олимон, Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки таъсири тағйирёбии иқлимро бештар эҳсос мекунад. Кишвари мо дорои зиёда аз 13 ҳазор пирях буда, маҳз дар ҳудуди он тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Аммо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво ва тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз 1000 пирях пурра аз байн рафтааст. Ин раванд метавонад дар оянда ба таъмини аҳолӣ бо об, рушди кишоварзӣ ва истеҳсоли неруи барқ таъсири манфӣ расонад.
Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки омӯзиши ҳолати пиряхҳо, мониторинги гидрологӣ ва татбиқи технологияҳои муосири пешгӯии хавфҳои табиӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аҳамияти калидӣ доранд.
Дарёи Варзоб – манбаи ҳаёт ва объекти осебпазир
Аз ҷумлаи намунаҳои равшани таъсири антропогенӣ дар кишвар ҳавзаи дарёи Варзоб мебошад. Ин дарё яке аз манбаъҳои муҳими об барои шаҳри Душанбе буда, дар баробари аҳамияти экологӣ ва иқтисодӣ, зери таъсири фаъолияти инсон низ қарор дорад.
Ба гуфтаи мутахассисон, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, зиёд шудани шумораи аҳолӣ, фаъолияти иншооти хизматрасонӣ, партовҳои маишӣ ва баъзан ворид шудани обҳои нокифоя тозашуда метавонанд ба сифати об таъсир расонанд. Аз ин рӯ, гузаронидани мониторинги мунтазами гидрохимиявии об, ки олимони кишвар анҷом медиҳанд, барои пешгирии ифлосшавӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ аҳамияти махсус дорад.
Ҳавои Душанбе ва таъсири нақлиёт
Мутахассисони соҳаи муҳити зист яке аз омилҳои асосии ифлосшавии ҳавои шаҳрҳоро зиёдшавии воситаҳои нақлиёт, фаъолияти сохтмонӣ ва чанги табиӣ арзёбӣ мекунанд. Мақомоти соҳавӣ таъкид менамоянд, ки баҳодиҳии сифати ҳаво бояд бо назардошти тамоми омилҳои табиӣ ва антропогенӣ сурат гирад ва натиҷаҳои мониторинг мунтазам таҳлил карда шаванд.
Ба гуфтаи экологҳо, рушди нақлиёти ҷамъиятии аз ҷиҳати экологӣ тоза, зиёд намудани майдонҳои сабз ва назорати партовҳои саноатӣ метавонанд ба беҳтар гардидани сифати ҳавои Душанбе мусоидат намоянд.
Партовҳои сахти маишӣ – масъалаи мубрами экологӣ
Масъалаи дигаре, ки муҳаққиқон нигаронкунанда меҳисобанд, афзоиши ҳаҷми партовҳои сахти маишӣ мебошад. Бо зиёд шудани аҳолӣ ва васеъ гардидани шаҳрҳо ҳаҷми партовҳо низ меафзояд. Дар сурати ба роҳ монда нашудани ҷудокунии партовҳо ва коркарди дубораи онҳо, хатари ифлосшавии хок, обҳои зеризаминӣ ва ҳаво бештар мегардад.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои вобаста ба истифодаи захираҳои табиӣ, ҳифзи ҳавои атмосфера, партовҳои маишӣ ва дигар омилҳои экологӣ ҳамасола таҳлил ва нашр карда мешаванд.
Роҳи ҳалли масъала
Коршиносон бар он назаранд, ки коҳиш додани таъсири антропогенӣ танҳо бо иштироки фаъолонаи давлат, ҷомеа, муассисаҳои илмӣ ва шаҳрвандон имконпазир аст. Ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз», рушди иқтисодиёти сабз, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, коркарди дубораи партовҳо, васеъ намудани майдонҳои кабудизоркунӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими ҳифзи муҳити зист мебошанд.
Барномаи давлатии ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2023–2028 низ татбиқи чунин чорабиниҳоро ҳамчун яке аз самтҳои асосии рушди устувори кишвар муайян кардааст.
Олимон таъкид менамоянд, ки ҳифзи муҳити зист танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалии худ дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо мавқеи фаъолро ишғол намуда, ҳамзамон барои ҳифзи сарватҳои табиии худ тадбирҳои илмӣ ва амалӣ меандешад. Дар шароити тағйирёбии иқлим маҳз рушди илм, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва муносибати масъулона ба табиат метавонанд кафили ҳифзи муҳити зист ва таъмини зиндагии солими наслҳои оянда бошанд.
Ёрова Б.С — ходими хурди илмӣ озмоишгоҳи таҳлили кимиёвии барф ва ях Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ