12 августи соли 2026 дар осмони бархе аз кишварҳои Аврупо ҳодисаи нодири астрономӣ — гирифти пурраи Офтоб ба амал омад. Ин падида дар Испания низ ба таври равшан мушоҳида шуд. Дар шаҳри Сан-Милан-де-лос-Кабалерос марҳилаи пурраи гирифт тақрибан соати 20:29 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуда, тақрибан 1 дақиқаю 40 сония идома кард.

Гирифти Офтоб танҳо дар баъзе минтақаҳои Замин пурра дида шуд. Худи гирифт ҳамчун ҳодисаи астрономӣ тақрибан 4 соату 24 дақиқа давом кард, аммо марҳилаи пурраи он дар ҳар нуқта ҳамагӣ як-ду дақиқа буд.

Гирифти Офтоб вақте рух медиҳад, ки Моҳ байни Замин ва Офтоб қарор мегирад ва сояи Моҳ ба рӯи Замин меафтад. Ҳангоми гирифти пурра Моҳ Офтобро пурра мепӯшонад ва барои чанд лаҳза рӯз ба торикӣ табдил меёбад. Дар ин вақт тоҷи равшани Офтоб дар атрофи Моҳ намоён мешавад.

Ҷолиб он аст, ки гарчанде Офтоб аз Моҳ тақрибан 400 маротиба калонтар аст, он тақрибан 400 маротиба дуртар аз Замин ҷойгир мебошад. Аз ҳамин сабаб, андозаи зоҳирии Офтобу Моҳ дар осмон қариб баробар менамояд ва Моҳ метавонад Офтобро пурра пӯшонад.

Ин ҳодисаи нодир дар Испания миллионҳо нафарро ба тамошои осмон ҷалб кард ва ба яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои астрономии соли 2026 табдил ёфт.

ТВ Илм ва табиат