Корманди ТВ «Илм ва табиат» Маҳмадносирова Аҳлинисо дар семинари байналмилалии «Seminar on High-Quality Development and Connectivity of Economic Corridors» иштирок намуд.
Семинар аз 28 июл то 10 август дар Southwest Jiaotong University-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар он масъалаҳои рушди босифат, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва пайвастагии долонҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён доир ба таҷриба ва дурнамои рушди ин самт табодули афкор намуданд.

ТВ Илм ва табиат