21 августи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти пиряхӣ дошта боқӣ мемонад.
Рӯзҳои 22-23 август дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ш. Душанбе, ҳамзамон рӯзҳои 23-24 август дар минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон то 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон то 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити вазъи обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.