
«Волоҳазрат,
Хабари реҳлати падари бузургвори Шумо, Шоҳи Норвегия Харалд V боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.
Шодравон тайи солҳои зиёди фаъолияти худ ба ҳайси ходими намоёни давлатӣ маъруфияти шоиста пайдо карда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби иззату эҳтироми хосса гардида буд.
Дар робита ба ин талафоти гарон таслият ва ҳамдардии самимии инҷонибро ба Шумо, ҳамаи пайвандону наздикони Шумо ва мардуми барои мо дӯсти Норвегия баён менамоям».