



Дар синфхонаҳои таълими меҳнат барои писарон ва духтарон насли наврас аз хурдӣ дар баробари илму дониш, ҳамзамон касбу ҳунар меомӯзанд, ки ин дар давраи афзоиши талабот ба мутахассисони баландихтисос дар бозори меҳнат ба ташаккули ҳунармандӣ дар байни ҷавонон боис мегардад.
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 дорои маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона бо 290 курсӣ, толори варзишӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 иқдомҳои шаҳрдориро дар самти бунёди биноҳои таълимӣ ва дар шароити муосир ба таҳсил фаро гирифтани наврасон намунавӣ арзёбӣ карда, инро ҷиҳати ба камол расондани насли донишманду хештаншинос ва мутахассисони баландихтисос басо муҳим арзёбӣ карданд.
Сохтмони иншооти нави соҳаи маориф аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сомонтаъминот бо ҷалби мутахассисони маҳаллию истифодаи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ анҷом дода шудааст.
Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ туҳфаи арзишманди маънавӣ номида шуд. Дар саҳни бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе майдони варзишӣ ва сафороӣ барои дарсҳои омодагии ҳарбӣ бунёд гардида, саҳни муассиса чароғон ва сабзкорӣ шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар нуҳ соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор тарбиягиранда бунёд ва ба истифода дода шудааст.
Танҳо соли равон ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 кӯдак ба фаъолият оғоз менамояд.