Рӯзи дониш оғози соли нави таҳсил ва қадами нахустин дар роҳи маърифат, худшиносӣ ва созандагӣ мебошад. Ин рӯз моро ба он водор месозад, ки нақши илму донишро дар рушди инсон, ҷомеа ва давлат бештар дарк намоем.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи насли ҷавони соҳибмаърифат таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Зеро маҳз насли донишманду соҳибкасб метавонад ояндаи устувору пешрафтаи кишварро таъмин намояд. 
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта дар Дарси сулҳ   ба масъалаҳои муҳими таълиму тарбия, ҳифзи сулҳу субот ва омодасозии ҷавонон ба зиндагии мустақил таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи даврони истиқлол самаранок истифода бурда, илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд. 
Рӯзи дониш, пеш аз ҳама, моро ба омӯзиши пайваста, ҷустуҷӯю пажӯҳиш, андешаи созанда, эҳтироми омӯзгор ва арҷгузорӣ ба илму маърифат ҳидоят менамояд. Зеро ҳар як қадами устувор дар роҳи дониш метавонад инсонро ба сӯи комёбиҳо раҳнамун созад ва барои расидан ба қуллаҳои баланди зиндагӣ, саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа ва хизмат ба Ватан заминаи мусоид фароҳам оварад.   
Рӯзи дониш муборак бошад!