27 ноябр намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) оид ба масъалаҳои илми ҳаставӣ, фанновариҳо ва барномаи ҳамкории фаннӣ дар шаҳри Вена иштирок намуданд.

Дар ҳошияи конфронс  мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири кулли Агентии байналмилалии неруи атомӣ Рафаеэл Гросси баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии неруи атомӣ, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки феълӣ ва ҳамчунин тарҳҳои миллии навро дар самтҳои гуногун дар доираи «Барномаи ҳамкории фаннии Агентии байналмилалии неруи атомӣ барои солҳои 2026-2027» баррасӣ карданд.

АМИТ «Ховар»