Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии ҲХДТ ҳамоиши идона доир гардид.
Дар кори ҳамоиш масъулини Кумитаи телевизион ва радио, намояндагони Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иштироку суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар баробари дастовардҳои таърихияш, ҳамчунин дар бунёди як ҳизбе заминагузорӣ намуд, ки он аз ибтидо то кунун натанҳо дар таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар, инчунин ҷиҳати муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона дар саросари ҷаҳон мусоидати фаъол намудаву ҳоло ҳам аз рӯи ҳамон самт фаъолияти худро пеш бурда истодааст.
Дигар аз баромадкунандагон ҳам аз нақши ҲХДТ ҳамчун ҳизби муттаҳидкунандаву созанда ёд кардаву аз аъзоёнаш даъват ба амал оварданд, ки дар доираи ҳадафҳои он кору фаъолият намоянд ва зиндагии худро дар чаҳорчубаи он идома диҳанд.
Ба қавли ҳозирин ҲХДТ дар тӯли 30-соли фаъолияташ дар амали намудани ормонҳои ҳазорсолаи миллати сарбаланди тоҷик, пойдории Истиқлоли давлатӣ, такмили Ваҳдати сартосарӣ ва зиндагии хубу боназми мардуми кишвар хидмати босазо кардааст.
Баъди гуфтугузорҳои зиёд дар қисмати интиҳои ҳамоиш ба як қатор аъзоёни ҲХДТ аз ҷониби масъулин «Сипоснома» ва кумакпӯлиҳо тақдим гардид.
ДИЛШОД АЛСАМАДОВ
хабарнигори ТВ «ИЛМ ВА ТАБИАТ»