ҒОЛИБИЯТ АЗ ОНИ МО ШУД!

Дар озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони «30 сол — барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷойи якум насиби Давлатзода Олиҳа аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илм ва табиат” гардид.

Озмуни мазкур тайи чанд вақт миёни кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он доир шуда, беҳтаринҳо қадрдонӣ гардиданд.Ҳамчунин қисме аз аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо «Сипоснома»-ву «Ифтихорнома» сарфароз гардонида шуданд, ки дар ин радиф ҳамсафони мо аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Илм ва табиат» ҳам буданд.

Муборакамон бошад!