Дар доираи ҷаласаи 39-и Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз,ки 15-18 июл дар шаҳри Инчхони Ҷумҳурии Корея доир гардид, лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» (CASP+) тасдиқ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Созишномаи оид ба маблағгузории лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» 18 июл ба имзо расонида шуда, ҳадафаш мусоидат барои гузариш ба самти устувори рушд бо дарназардошти коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор мебошад.
Лоиҳа аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ ва аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ татбиқ мегардад.
Фонди иқлими сабз соли 2010, тибқи қарори Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) бо мақсади дастгирии кӯшишҳои давлатҳои дар ҳоли рушд барои вокуниш ба таҳдидҳои тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст.
АМИТ «Ховар» АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон