Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли мебел дар шаҳри Хоруғ by admin / 16 августа, 2023 No Comments Хабар 17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти ин корхона дидан намуданд. Иншооти мазкур дар доираи нақшаҳои ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 500 метри мураббаъ бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2020 оғоз гардида, васлу насби техникаи корӣ ва муҷаҳҳазсозии бино соли 2022 анҷом ёфтааст. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли мебел буда, тибқи фармоиш маҳсулот мебарорад. Бо бунёди коргоҳи нав 10 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд ва маоши миёнаи кормандон вобаста ба ҳаҷми кор аз 1500 то 3000 сомониро дар бар мегирад. Post Views: 141 Мубодила: