Аз ҷониби Бонки Олмонии рушд 44,4 миллион евро грант барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ҷудо мегардад. Дар доираи ин грант 25 июл байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба имзо расонида шуд.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон корбарӣ дорад. Тибқи ислоҳот ба Созишномаи иловагӣ оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, ки байни Бонки Олмонии рушд (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо (гиранда) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» (иҷрокунандаи лоиҳа) ба имзо расидааст.
Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, энергияи сабз сохта шуда, он дар рушди иқтисоди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон такони ҷиддӣ мебахшад.
Интизор меравад, ки неругоҳ барои беҳтар намудани таъминоти неруи барқ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва барои саноатикунонӣ дар минтақа, ки ҳадафи чоруми Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ шудааст, мусоидат менамояд.
АМИТ «Ховар» АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон