Дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайиланд дар ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории ғайрирасмӣ оид ба баррасии лоиҳаҳои қатънома, дар ҳамкорӣ бо Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистон зери унвони «Тақвияти ҳамкорӣ дар бахши тағийрёбии иқлим ва иртиботи обӣ барои рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором» муаррифӣ гардид

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) зимни муаррифии ташаббуси мамлакат доир ба нуфуз ва нақши Тоҷикистон ҳамчун давлати пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим оид ба аҳамияти лоиҳаи қатъномаи пешбаришаванда дар таҳкими робитаҳои кишварҳои аъзои UNESCAP ва расидан ба ҳадафи 6-уми Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид сухан гуфт.

Намояндаи Тоҷикистон  аз кишварҳои аъзои ин ниҳод даъват намуд, ки дар раванди қабули ин қатънома мусоидат намоянд.

АМИТ «Ховар»