Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ факултети технологияи химиявӣ ва металлургия таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Қудрат Давлатзода иброз дошт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илму маорифи ҷумҳурӣ 30 майи соли равон дастур доданд, ки бо мақсади омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ, инчунин рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва геология дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон факултети технологияи химиявӣ ва металлургия таъсис дода шавад.
Дар робита ба ин дар ҳайати 4 кафедра, 9 ихтисос ва шумораи мавҷудаи ҳайати устодону донишҷӯёни кафедраҳои марбута факултети технологияи химиявӣ ва металлургия таъсис дода шуд.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ 28 патент ба даст оварда шуда, 9 монография тариқи шурои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ ва 8 монография тариқи шуроҳои берун аз донишгоҳ ба нашр расидаанд.
Иброз гардид, ки аз шумораи 2031 нафар донишҷӯйе, ки донишгоҳро хатм намуд, ба 1916 нафар дипломи муқаррарии бакалавр, ба 56 нафар дипломи муқаррарии магистр, ба 38 нафар дипломи аълои бакалавр ва ба 18 нафар дипломи аълои магистр дода шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар» АКС: АМИТ