Дар департаментҳои Ардеш ва Лозери Фаронса давоми 48 соат то 700 миллиметр борон борид, ки боиси шадидтарин обхезӣ дар 40 соли охир гардид, хабар медиҳад Kazinform бо истинод ба Euronews.
Баъди ду рӯзи боронгарии шадид корҳои тозакунии мавзеъҳои зарардида шуруъ шуданд.
Нахуствазири Фаронса Мишел Барнйе хабар дод, ки дар саросари кишвар қариб 2300 амалиёти наҷот анҷом дода шуд. Вай гуфт, ки тағйирёбии иқлим хатари ин гуна офатҳоро зиёд мекунад ва аҳамияти омодагӣ ба онҳоро дар сатҳи тамоми Иттиҳоди Аврупо таъкид намуд. Барнйе инчунин аз системаи огоҳии FR Alerte ёдовар шуд, ки бори аввал барои огоҳ кардани шаҳрвандон дар бораи бекор кардани сафарҳо ва мондан дар минтақаҳои бехатар истифода гардид.
Зиёда аз 1000 нафар тахлия шуданд, вале аксар рӯзи ҷумъа ба хона баргаштанд. Оператори миллии роҳи оҳани SNCF аз сабаби пуроб будани роҳҳо ҳаракати қатораҳо байни Лион ва Сент-Этйенро боз дошт ва шоҳроҳи асосии байни ин шаҳрҳо низ баста шуд.
Субҳи рӯзи ҷумъа пешгӯиҳои Météo-France беҳтар шуданд: сатҳи сурхи хатар бекор карда шуд, аммо ҳушдорҳо оид ба эҳтимоли боронҳои шадид ва обхезӣ дар ҷанубу ғарби кишвар боқӣ мондаанд.
АМИТ «Ховар»