Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон мақолаи олими тоҷик, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдарзода таҳти унвони «Президенти Тоҷикистон дар дипломатияи ҷаҳонии об пешсаф аст» бо забони англисӣ ба нашр расид.
Дар мақола омадааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илми муносибатҳои байналмилалӣ мафҳуми нав — «дипломатияи об»-ро ворид намуданд, ки дар он тамоми ташаббусу андешаҳои минбаъда оид ба истифодаи захираҳои об дар ҷаҳон гирд оварда шудаанд.
Тамоми ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», Соли байналмилалии оби тоза (2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҳама ин ташаббусҳо танҳо як ҳадаф – таъсиси минбари универсалӣ ва бисёрвазифагиро барои муҳокима ва дарёфти роҳҳои оптималӣ ва оқилонаи ҳалли мушкилоту хатарҳои марбут ба захираҳои об фаро мегиранд.
Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвоии сиёсӣ ва ҳамзамон масъулияти худро дилпурона нишон дода, барои муттаҳидсозии минбаъдаи саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус пешвоёни сиёсии ҷаҳонӣ дар қабул ва татбиқи тадбирҳое, ки ба таъмини идоракунии устувор ва истифодаи захираҳои обӣ нигаронида шудаанд, шароит фароҳам меорад»,- менависад муаллифи мақола.
АМИТ «Ховар»