15 апрел дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таҳти унвони «Рушди ҷарроҳии инноватсионӣ дар Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии ҷарроҳони мамлакат баргузор гардид.

Ҳадафи ҳамоиш мубодилаи афкор доир ба рушди ҷарроҳӣ ва фароҳам овардани шароиту имконияти озод барои барқарор намудани ҳамкории мутақобили судманд байни ҷарроҳони ватанӣ мебошад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии мамлакат дониста мешавад.

Соли 2024 дар самти ташхису табобат дар мамлакат 94 навоварӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2023  20 адад зиёд мебошад. Инчунин аз 94 навгонии воридшуда 28 навгонӣ фарогири самти ташхис, ба монанди ташхиси бемориҳои саратоншиносӣ, узвҳои ҳозима, пайвандсозии узвҳо, бемориҳои дилу рагҳо ва сил, экспертизаи тиббӣ-судӣ ва ташхиси шуоӣ мебошад. 66 навгонии дигар, аз ҷумла ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмӯҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, узвҳои ҳозима, ҷарроҳиҳои қафаси сина, саратоншиносӣ, ҷарроҳиҳои абдоминалӣ, осебшиносӣ, урология, рентгенэндоваскулярӣ, ҷарроҳиҳои чашм, бемориҳои сӯхтагӣ ва шунавоиро дар бар мегиранд.

АМИТ «Ховар»