Дар соли таҳсили 2023-2024 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 5017 нафар донишҷӯ хатм намудааст, ки аз ин шумора 3119 нафар бо баҳои аъло ва хубу аъло ҷамъбаст кардаанд. Инчунин имсол 357 нафар донишҷӯ бо дипломи аъло ва 83 нафар донишҷӯе, ки тибки квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ин боргоҳи илму маърифатро ба итмом расонидаанд,-гуфт зимни нишасти хабарӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода.

Таъкид гардид, ки корҳои илмии анҷомдодаи муҳақиқони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин давра ба гирифтани 3 қарор дар бораи додани патент, 2 патент, 3 гувоҳнома 50 диплому ифтихорнома ва як ихтирооти татбиқшуда сазовор гардидаанд.

Ҳамчунин дастаи олимпии Донишгоҳ дар Олимпидаи ҷумҳуриявӣ, ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони “Хирад моро ба дониш раҳнамун аст…” миёни 35 муассисаи олии касбии ширкаткунанда бо ишғоли 12 ҷой (5 ҷойи аввал, 5 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) сазовори мақоми аввал дониста шудаанд.

Масъулин дар идома таъкид доштанд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” ва даҳҳо озмуну олимпиадаҳои дигар бартарияти куллӣ нишон дода, аксаран мақомҳои аввал, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд.

Дар хотимаи нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи илму маърифат минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд то дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалинамоии барномаю стандартҳои давлатии соҳаи морифи кишвар саҳмгузор бошанд.

ДИЛШОД АЛСАМАДОВ

хабарнигори ТВ «Илм ва табиат»