Кӯҳи Эверест (Ҷомолунгма) дар системаи кӯҳии Ҳимолой, дар қаторкӯҳи Маҳалангур-Ҳимол, дар марзи маъмурии Непал ва Чин ҷойгир буда, бо баландии 8848,86 м баландтарин қуллаи Замин аст. Баландии ин кӯҳ борҳо чен карда шудааст ва охирин андозагирӣ моҳи ноябри соли 2021 гузаронида шуда, баландии имрӯзаи онро тасдиқ намуд. Вале ин баландӣ нисбӣ буда, он ба андозагирии баландиҳо аз сатҳҳои гуногун вобаста аст, зеро дар сайёра ду кӯҳе (Мауна-Кеа ва Чимборасо) мавҷуданд, ки аз Эверест баландтаранд.Таърихан барои ченкунии баландиҳо аз мафҳуми «баландӣ аз сатҳи баҳр» истифода мебаранд, ки он низ нисбӣ буда, танҳо ба сатҳи миёнаи стандартии баҳр алоқаманд аст.

Табиист, ки сатҳи баҳр дар қисматҳои гуногуни сайёра мухталиф аст ва ҳатто аз сабаби тағйирёбии иқлим ҳолати динамикӣ дорад. Вале дар илми муосир баландӣ нисбат ба геоиди аз ҷиҳати риёзӣ муайяншудаи Замин чен карда мешавад. Тибқи иттилои Идораи миллии ИМА оид ба тадқиқи уқёнус ва атмосфера, геоид «амсилаи сатҳи миёнаи ҷаҳонии баҳр, ки барои дақиқ чен кардани баландии сатҳ истифода мешавад», мебошад.

Бинобар ин, агар баландии кӯҳ аз поя то қуллаи он чен карда шавад, он гоҳ баландтарин кӯҳ дар Замин на Эверест, балки Мауна-Кеа мебошад. Мауна-Кеа вулқони ғайрифаъол дар ҷазираи Ҳавай (ИМА) буда, аз сатҳи баҳр 4207 м баландӣ дорад. Аммо мувофиқи маълумоти National Geographic, қисми зиёди Мауна Кеа дар зери уқёнус ниҳон аст ва аз қаър то қулла 10 211 м баландӣ дорад, ки аз Эверест 1362 м баландтар мебошад.Кӯҳи дигаре, ки аз Эверест баландтар аст, вулқони Чимборасо буда, қуллаи он дуртарин нуқтаи сатҳ аз маркази Замин ҳисобида мешавад.

Чимборасо дар системаи кӯҳии Анд, дар ҳудуди Эквадор ҷойгир буда, 6267 м баландӣ дорад.Азбаски Замин кураи номукаммал аст ва дар минтақаи экватор нисбатан васеъ мешавад, бинобар ин, тафовути байни радиусҳои қутбӣ (6356,75 км) ва экватории сайёра (6378,14 км) 21,39 км-ро ташкил медиҳад. Ва албатта, ин натиҷаи қувваест, ки дар натиҷаи гардиши Замин ба вуҷуд омадааст. Вулқони Чимборасо, ки ҳамагӣ як дараҷа ҷанубтар аз экватор воқеъ гардидааст, дар ин ҷо барҷастагии Замин бештар ба назар мерасад. Яъне, аз нигоҳи географӣ, қуллаи Чимборасо аз ҳастаи сайёра 6384,3 км ва нисбат ба қуллаи Эверест аз маркази Замин 2072 м дуртар воқеъ гардидааст.