(Аз ин сар карда, рӯзҳо кӯтоҳ ва шабҳо дароз мешаванд)
Дар нимкураи шимолии Замин 21 июн ҳамчун рӯзи дарозтарин ва шаби кӯтоҳтарин маъруф аст. Ин рӯзро «баргашти Офтоб» низ ном мебаранд, ки он ба мавқеи баландтарини Офтоб дар осмон рост меояд. Дар ин рӯз меҳвари Замин аз ҳар вақти дигар дида ба самти Офтоб моилтар мешавад ва дар натиҷа шуъоҳои Офтоб ба таври мустақимтар ба нимкураи шимолӣ мебароянд.
Дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, 21 июн оғози расмии фасли тобистон ба ҳисоб меравад. Дар ин сана давомнокии рӯз бештар аст ва шаб танҳо чанд соатро дар бар мегирад. Барои муқоиса, агар дар Зимистон рӯзҳо кутоҳ ва шабҳо тӯлонӣ бошанд, дар ин ҳолат баръакс мешавад: барвақт равшан мешаваду дер торик. Ин ҳодисаи табиии сайёра ба ҳаракати Замин дар мадори худ атрофи Офтоб вобаста аст. Меҳвари Замин бо майли тақрибан 23,5° дараҷа қарор дорад ва ин майл он сабаби тағйироти фаслҳо мегардад. Вақте ки нимкураи шимолӣ ба самти Офтоб рӯ меорад, шуъоҳо ба таври амудӣ мебароянд ва дар натиҷа рӯшноӣ бештар мешавад. Рӯзи дарозтарин ва шаби кӯтоҳтарин на танҳо аҳамияти астрономӣ дорад, балки дар фарҳангҳо ва суннатҳои мардумӣ низ ҷойгоҳи хосе дорад. Дар баъзе фарҳангҳо онро бо ҷашнвораҳои тобистона таҷлил мекунанд, чунки он нишонаи пуршиддаттарин рӯшноии табиӣ ва нерӯйи ҳаётбахши Офтоб мебошад. Бо гузаштани ин рӯз, рӯзҳо тадриҷан кӯтоҳ шуда, шабҳо дарозтар мешаванд ва ин раванд то 22 декабр — рӯзи кӯтоҳтарин идома меёбад.
Аз нигоҳи илми физика, 21 июн ҳамчун рӯзи дарозтарин дар нимкураи шимолӣ бо сабаби ҳаракати меҳвари Замин (тақрибан 23,5° нисбат ба мадор амудӣ) ва ҳаракат дар мадори эллипсмонанд дар гирди Офтоб ба вуҷуд меояд.
— Ҳаракати меҳвари Замин:
Меҳвари гардиши Замин ба таври доимӣ ба як самт моил аст. Дар рӯзҳои ба 21 июн наздик, ин меҳвар ба самти Офтоб бештар моил мешавад. Дар натиҷа, шуъоҳои Офтоб ба нимкураи шимолӣ бо кунҷи амудитар (бештар перпендикуляр) мерасанд.
— Дарозии рӯз ва ё таъсири кунҷи афтиши шуъо:
Шуъоҳои Офтоб ҳар қадар амудӣ биафтанд, ҳамон қадар рӯшноӣ самараноктар мешавад. Азбаски кунҷи афтиши шуъо зиёд аст ва Офтоб муддати дароз дар осмон мемонад, дар натиҷа рӯз дарозтар мешавад.
— Ҳаракати зоҳирии Офтоб дар осмон:Аз нуқтаи назари мушоҳид дар рӯйи Замин Офтоб дар 21 июн баландтарин нуқтаи худро дар осмон ишғол мекунад — ин нуқтаи баландтаринро мавқеи аз ҳама баландтарини Офтоб мегӯянд. Ин боис мегардад, ки Офтоб дер ғуруб карда, барвақт тулӯъ кунад.
— Энергияи воридшаванда ва гармии бештар:Дар ин рӯз дар нимкураи шимолӣ энергияи шуъоии Офтоб бештар ворид мешавад, зеро вақти таъсири рӯшноӣ бештар аст ва кунҷи таъсири шуъоҳо хурдтар аст (наздик ба 90°). Ин боиси гармшавии муҳит ва оғози воқеии тобистон мегардад. Ҳамин тавр, 21 июн бо сабаби омехтаи ҳаракати мадорӣ ва моил будани меҳвари Замин, боис мегардад, ки шуъоҳои Офтоб бо кунҷи бештар ба нимкураи шимолӣ биафтанд ва дар натиҷа рӯз дарозтару шаб кӯтоҳтар шавад. Ин ҳодиса пурра тавассути қонунҳои физика, астрономия ва геометрияи афтиши шуъо дар физика фаҳмида мешавад.Рӯзи 21 июн, ки дар нимкураи шимолӣ ҳамчун рӯзи дарозтарин ва шаби кӯтоҳтарин ба шумор меравад, дорои якчанд хосиятҳои муҳим ва илмӣ мебошад.
1. Муддати дарозтарини рӯз:
— дар ин рӯз, Офтоб барвақт тулӯъ мекунад ва дер ғуруб мекунад;- дар кишвари худамон рӯз то 15 соат ва ё бештар давом мекунад, вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофӣ;
— шаб баръакс, фақат 8–9 соат (аз 20:00-и шом, то 04:00-и бомдод) мешавад, ки кӯтоҳтарин шаби сол аст.
2. Баландтарин мавқеи Офтоб дар осмон:- Офтоб дар 21 июн дар баландтарин нуқтаи худ нисбат ба уфуқ қарор мегирад;
— дар нисфирӯзӣ (вақти пешин), шуъоҳои Офтоб ба Замин тақрибан бо кунҷи 90° меафтанд.
3. Эътидоли равшании рӯйи Замин:- шуъоҳои Офтоб ба нимкураи шимолӣ бо шиддати бештар мерасанд;- сатҳи Замин гарм мешавад ва шароити иқлимии тобистон оғоз меёбад;
— баъзе минтақаҳои қутбӣ (масалан, Норвегия, Аляска) шаби сафед доранд, ки дар он ҷо шаб пурра торик намешавад.
4. Ҷанбаи физикӣ — таъсири майли меҳвар- майли меҳвари Замин (~23,5°) боиси он мегардад, ки дар ин рӯз нимкураи шимолӣ ба самти Офтоб бештар моил бошад;- ин тағйирот бо қонунҳои физика, астрономия ва геометрияи афтиши шуъо тавсиф меёбад.
5. Оғози расмии тобистон (тобистони астрономӣ):- дар ин рӯз, тобистони астрономӣ оғоз мешавад ва то 23 сентябр (эътидоли шабу рӯз) идома мекунад;- ҳарчанд ҳаво метавонад пеш аз он гарм шавад, аммо ин рӯз нуқтаи расмии оғози тобистон ба ҳисоб меравад.
6. Тағйироти тадриҷии рӯз ва шаб пас аз 21 июн:
— баъд аз ин рӯз, рӯзҳо тадриҷан кӯтоҳ мешаванд ва шабҳо дароз;
— ин раванд то 22 декабр идома меёбад, ки он рӯзи кӯтоҳтарин ва шаби дарозтарин хоҳад буд.
Ҳодисаи рӯзи дарозтарин ва шаби кӯтоҳтарин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи физика ва астрономия:
Дар солҳои муқаррарӣ рӯзи дарозтарин дар Тоҷикистон ба 21-уми июн рост меояд. Аммо дар баъзе солҳо, вобаста ба саҳеҳии гардиши Замин ва соати расидани Офтоб ба баландтарин нуқта, ин сана метавонад ба 22 июн ё дертар афтад.Соли 2025 дар Тоҷикистон, ин ҳодиса 21 ба 22 июн, тақрибан соати 01:42 шаб ба вақти Душанбе рух медиҳад.
∎ Хусусиятҳои рӯзе, ки дар Тоҷикистон 21 июн ба он рост меояд, яъне давоми рӯз дар Тоҷикистон (вобаста ба шаҳр):
∗ дар Душанбе тақрибан 15 соату 5 дақиқа рӯшноӣ мебошад;
∗ дар Хуҷанд, тақрибан 15 соату 20 дақиқа.
∗ дар Кӯлоб ё Бохтар рӯз каме кӯтоҳтар аст, наздики 14 соату 50 дақ.
∎ Давомнокии шаб дар Душанбе, шаб дар ин рӯз фақат 8 соату 55 дақиқа давом мекунад.
∎ Мавқеи Офтоб:
∗ дар нисфирӯзӣ, Офтоб дар баландтарин нуқтаи осмон қарор мегирад.
∗ шуъоҳо бо кунҷи камтар ба сатҳи Замин меафтанд, наздик ба кунҷи амудӣ (перпендикуляр), аз ин рӯ шиддати гармӣ бештар аст.
∎ Кунҷи афтиши шуъоҳои Офтоб дар Душанбе:
∗ тақрибан 73°–75° дараҷа болотар аз уфуқ мерасад, ки нисбатан кунҷи калон аст (яъне шуъоҳо қариб амудӣ меафтанд).
∗ барои муқоиса, дар Зимистон кунҷ тақрибан 27°–30° дараҷа мешавад.
∎Пайомадҳои он дар Тоҷикистон:
∗ оғози фасли тобистон ва авҷи гармии табиӣ;
∗ шароити мусоид барои кишоварзӣ: дар ин давра растаниҳо зудтар месабзанд;
∗ таъсири равонӣ ва физиологӣ: рӯзҳои дароз боиси фаъолтар шудани инсон ва зиёд шудани энергия мешаванд.
Сафаров Муҳаммад — мудири лабораторияи илмӣ — таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.


Фейсбук: Сафарзода Муҳаммадҷон