Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб ва масъалаҳои рӯзномаю тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №66 гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот шунида шуд.
 

Вакилон дар идома амалишавии «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028»-ро муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала муовини Раиси шаҳри Душанбе ҳисобот дод.
Дар ин робита муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини Раис шаҳри Душанбе супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор баҳри таъмини босифат ва саривақтии «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» дар шаҳри Душанбе, беҳтар намудани хизматрасонии ширкатҳои кироякаши таксӣ, пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаронидани паркҳои нақлиётии ширкатҳо, бунёд намудани нуқтаҳои барқгирӣ ва дигар масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин вакилон рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба эълон шудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои дахлдори шаҳрӣ вобаста ба таҳти назорат гирифтани фаъолияти коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ташкил намудани ҷойҳои кори доимӣ, ба истифода додани корхонаҳои саноатие, ки дар доираи Солҳои рушди саноат то соли 2026 ба нақша гирифта шудаанд, ҷалб намудани сармояи мустақим барои истеҳсоли маҳсулоти содиротшаванда ва васеъ намудани имконоти содирот, тақвият бахшидани фаъолият дар самти маҳсулоти воридотивазкунанда ва рақобатпазир дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Вакилон дар идома масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар шаҳри Душанберо баррасӣ намуда, вобаста ба он муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ҳисобот дод.
Раиси шаҳр муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои пойтахтро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоии шаҳри Душанбе барои фаъолияти муназзам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024», дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт, омодасозии муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои техникаю механизмҳо, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини аҳолии пойтахт бо оби нӯшокии босифат, барқ ва энергияи гармӣ ва таъмини бехатарии зиддисӯхтор тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати омода намудани системаи энергетикии пойтахт барои хунукиҳои аз меъёр зиёд, кам намудани талафоти техникии неруи барқ ва пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он корҳоро ҷоннок намоянд.

Инчунин баҳри фаровонии бозорҳои пойтахт ва бо нархҳои дастрас пешкаши сокинон гардонидани маҳсулот, ҷиҳати захира намудани маҳсулоти ниёзи аввал корбарӣ бо ҳама сохторҳо ва хоҷагиҳои дигар шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшида шавад.

Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
«Пойтахт — чун оинаи миллату давлат мебошад, мову шуморо зарур аст, ки баҳри тозаву озода нигоҳ доштани он ва шинонидани гулҳои мавсимӣ, дарахту буттаҳои ороишӣ ва дигар корҳои ободониро боз ҳам тақвият дода, бо риояи фарҳанги баланди ватандӯстӣ ва шаҳрнишинӣ онро ҳифз намоем», — таъкид намуданд Раиси шаҳри Душанбе.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва иштирокчиёнро ба хизмати софдилона баҳри боз ҳам рушду нумуи пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе даъват намуда, ба Тоҷикистони азиз пешравию шукуфоиро орзу намуданд.
Бо ҳамин иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.