Тоҷикистон ва Чин шарикони самимии стратегӣ буда, ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми соҳаҳо босуръат рушд мекунанд.
Душанбе ва Пекин дар масъалаҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.
Дар ин замина Тоҷикистон ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бо Чин дар масъалаҳои табодули таҷриба, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам ва таҳкими иқтидори идораҳои дахлдор барои саривақт ошкор ва рафъи таҳдиду хатарҳо нигаронида шудааст.
Мо инчунин ният дорем, ки ҳамкориҳоро бо Пекин дар мубориза бар зидди нерӯҳои “се бадӣ”, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ тақвият бахшем.
Бояд қайд кард, ки байни ду кишвар механизмҳои зарурӣ барои гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба омодакунӣ ва такмили кадрҳо барои мақомоти сарҳадӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шудаанд.
Дар робита ба хабарҳое, ки бархе аз расонаҳо дар бораи гӯё таъсиси пойгоҳи низомӣ аз ҷониби Чин дар қаламрави Тоҷикистон паҳн мекунанд, изҳор менамоем, ки онҳо асос надоранд. Ин масъала дар рӯзномаи музокироти Тоҷикистону Чин ҷой надошт ва нахоҳад дошт.
https://mfa.tj/