Имрӯз ба ифтихори 33- солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 нафар кормандон ва ҳунармандони дастаҳо бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи телевизиону радио ва таъмини имконияти васею созгор ба кормандони ин соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Гуфта шуд, ки нақши воситаҳои ахбори омма, хосса телевизиону радио дар самтҳои ҳаёти ҷомеа муҳим буда, ба ташаккули афкори умум ва раванди демократикунонии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Рисолати асосии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, аз ҷумла телевизиону радио дар вазъияти ҳассосу печидаи ҷаҳони имрӯз ҳидояти мардум ба роҳи донишу маърифат ва худшиносию ватандӯстӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»