Натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 21 июл тариқи смс-паёмак эълон мегардад. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии Тоҷикистон ба «Истиқлол» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, аз 1 то 8 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ, ки аз 1 март то 2 май номнависшуда буданд, баргузор гардид.Ҳамин тавр, эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) соли ҷорӣ 21‑уми июл ба нақша гирифта шудааст.Ба зикри ин ниҳод, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода мешавад.
Паёмаки ба ҳар довталаб фиристодашуда чунин маълумотро дар бар мегирад: рақами назоратии довталаб; рақами даъватнома; холҳои бадастовардаи довталаб аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) ё қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), инчунин қисм(ҳо)-и В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2 – имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо) ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб.
Манбаи мо дар Маркази миллии тестӣ ёдрас кард, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯй шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш саннаи 25 июл пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.Бояд гуфт, ки имсол 114 776 довталаб (92 992 синфи 11 ва 21 784 синфи 9) дар Маркази миллии тестӣ дар ду давр худро ба қайд гирифтаанд.