Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид. Дар он беш аз 40 ношир зиёда аз 5 ҳазор китоби тозанашрро пешниҳод намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин Туркия, Эрон ва Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон ва ноширони Тоҷикистон иштирок доранд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа арзёбӣ гардид.

Иброз шуд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо барои пайдо кардани шарикони боэътимод дар самти таҳия ва нашр намудани китобҳо иқдоми хуб ба ҳисоб меравад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «китоб рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст».

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола дар пойтахт доир мешавад.

Ин намоишгоҳ аз 22 то 24 октябр идома меёбад.

АМИТ «Ховар»