Дар муҳити иттилоотии имрӯза нақши воситаҳои ахбори омма дар баробари дигар соҳаҳо дар инъикоси паҳлуҳои гуногуни ҳаёти кунунӣ, пешрафт ва тараққиёти давлат бузург мебошад. Ташаккули воситаҳои ахбори оммаи миллӣ, бахусус матбуот, радио ва телевизион ва агентиҳои иттилоотӣ бо таваҷҷуҳ ва талош барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ нақши  воситаҳои ахбори оммаро дар ҳаёт боз ҳам назаррастар мегардонад.

Воситаҳои ахбори омма дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаби рӯз ва ташаккули  афкор бартарӣ доранд. Изофатан, сомонаҳои он ки ҷузъи асосии расонаҳои хабарии муосир мебошанд, фазои «иттилоотии ҳаррӯза» — ро пурра  мегардонанд. Аксари кулли масъалаҳо дар воситаҳои ахбори омма ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ мешаванд. Махсусан, дар арсаи сиёсат воситаҳои ахбори омма дар афзудани афкори сиёсии омма нақши муассир доранд.

Таърихи навини давлатдории миллӣ нишон медиҳад, ки аз ибтидои Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат  ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки «амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шаҳри Душанбе, 28 декабри соли 2023 // Ҷумҳурият -2023. – 28 декабр).

Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад, ки бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ, манфиатҳои миллӣ ва ҳамоҳангкунии қонунгузории давлатҳо амалӣ карда мешавад. Он дар коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳои терроризм, экстремизм, коррупсия ва ҳифзи фазои иттилоотӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 марҳилаи навбатии рушди ҷомеа дониста мешавад. Чунки қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра таъмин менамояд.

Дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари масъулияти тарафайни давлат, шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ — ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад ва дар воситаҳои ахбори омма ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.

Воситаҳои ахбори омма тоҷик дар маҷрои нави сиёсат низ мавқеи худро устувор нигоҳ дошта, чун узви ҷудонашавандаи воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ мегарданд ва  фаъолияти худро идома медиҳанд. Воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ дар инъикоси матлабҳо оид ба сиёсати дохилӣ ва  сиёсати хориҷӣ пайваста фаъолтар мегарданд ва  дар ҳар маводи онҳо  муносибати ин воситаҳоро ба сиёсат дарёфтан мумкин аст. Воситаҳои ахбори омма бо таҳлил ва нишон додани санадҳо исбот карданӣ мешаванд, ки сиёсати ҳуқуқии кишвар дар расонаҳо ҷойгоҳи муҳим дорад. Он ба таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.

Дар сомонаи АМИТ «Ховар» маводи қобили таваҷҷуҳ оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ба табъ расидааст, ки ин мавзуъро пурра инъикос менамояд: «Иқдоми эълоннамудаи Сарвари давлатро бояд чунин фаҳмид, ки ҳар шаҳрванди огоҳи мамлакат бо фаъолмандии худ барои пешрафти бештари Тоҷикистони азиз саҳмгузор буда метавонад» (Муминзода Қ. Соли маърифати ҳуқуқӣ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт // Манбаи дастрасӣ: https://khovar.tj/2024/07/soli-marifati-u-u-on-mar-ilai-navi-rushdi-omea-ho-ad-gasht).

Воситаҳои ахбори оммаи миллӣ имрӯз ба таври густурда масъалаи  дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, бароҳмонии сиёсати дурусти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ  андешидани чораҳои воқеии муассир,  қабули як  зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва  ислоҳоти бунёдии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистонро  пайваста инъикос менамоянд.

Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими меъёрии ҳуқуқие, ки дар он ин мафҳумро метавон дарёфт кард, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 мебошад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2018 тасдиқ карда шудааст. Дар банди 12-и ин консепсия истилоҳи «маърифати ҳуқуқӣ» чунин пешбинӣ карда шудааст, ки танзими самаранокии низоми устувори сиёсии демократӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат, таъмини ҳуқуқии ҷараёни рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани шуурнокӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Барои татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат матлабҳои зиёдеро метавон дар воситаҳои ахбори омма пайдо кард. Воқеан, вақте кас ба нигоштаҳои воситаҳои ахбори омма рӯй меорад, равшан мегардад, ки «дар баробари дигар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ нақши воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ тавассути тарғиб ва шарҳу тавзеҳи меъёрҳои қонунгузорӣ назаррас аст» (Файзалӣ С. ВАО ва нақши он дар татбиқи хостаҳои Ҳукумат // Ҷумҳурият. — 2024. — 15 июл).

Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба масъалаи мавриди назар аз он дидгоҳ наздик мешаванд, ки маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими фаъолияти давлат, сиёсати ҳуқуқии мамлакат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, ба пойдор гардидани тартибот ва адолат мусоидат мекунад, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд. Дуруст аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ба падидаи давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва адолати иҷтимоӣ алоқаманд аст.

Матбуоти миллии Тоҷикистон, аз ҷумла рӯзномаи  «Ҷумҳурият» перомуни ин мавзуъ матолиби гуногун нашр мекунад. Он ақидаеро пеш меорад, ки «воқеан, яке аз роҳҳои ташаккул ва инкишофи давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар баробари дигар омилҳои таъсиррасон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба шумор меравад» (Саидзода И. Маърифати ҳуқуқӣ дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат // Ҷумҳурият. – 2024. — 24 июн).

Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ қарор гирифтани  масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар расидан ба мақсадҳо барои дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла волоияти қонун ба ҳисоб меравад.

Воситаҳои ахбори омма бар он мебошанд, ки яке аз хусусияти хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Бинобар ин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон низ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Зеро воситаҳои ахбор яке аз институтҳои муҳимми сиёсӣ буда, дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат нақши муҳим доранд: «Яке аз институтҳои муҳимтарини системаи сиёсии ҷомеаи муосир ВАО ба шумор меравад. Он ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъият, махсусан ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсир мерасонад» (Қодирӣ А. Нақши ВАО дар таъсирпазирии ҷомеа // Манбаи дастрасӣ: https://mit.tj/article).

Дар бештари маврид Воситаҳои ахбори омма дар паҳн кардани ғояву арзишҳои миллӣ ва давлатӣ мавқеи мушаххас доранд. Вобаста ба пешрафти ҷомеаи инсонӣ мазмун ва мундариҷаи воситаҳои ахбори омма низ мукаммал гардида, вазифадор мешавад, то барои ташвиқу тарғиби ғояҳои давлатӣ ва арзишу армонҳои миллӣ истифода шавад. Воситаҳои ахбори оммаи расмӣ ва мустақили Тоҷикистон манфиатҳои халқу миллат ва ҷомеаро пайгирӣ менамояд. Ҳамин аст, ки воситаҳои ахбори Тоҷикистон ҳамеша дар масъалаи равнақу ривоҷи ҷомеаи ҳуқуқбунёд маводи бисёреро бозтоб мекунанд: «Яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон васеъ намудани донишҳои ҳуқуқӣ, таблиғи доимии меъёрҳои қонунгузорӣ тавассути ВАО мебошад» (Сатторзода А. Мафкураи тарбиявӣ дар мадди аввал // Манбаи дастрасӣ: https://jumhuriyat.tj/bahsho/3883-marifati-uu-mafkurai-tarbijav-dar-maddi-avval.html). Аксар мавод вобаста ба мавқеи сиёсати ҳуқуқии мамлакат дарҷ мегарданд. Нигоштаҳои воситаҳои ахбори омма ба сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ буда, барои амалӣ кардани он мусоидат мекунанд.

Журналистикаи тоҷик маводи хонданбоби рӯз ва ҷолибу муҳим ба табъ мерасонад, ки маърифати ҳуқуқӣ ба давлат, ҷомеа ва инсоният аҳамияти басе муҳим дорад. Барои ташкил намудани ҷомеаи устувор ва дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ шаҳрвандонро зарур аст, ки донишҳои ҳуқуқии худро беҳтар намоянд. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон талошҳои муштараки ҷомеа ва давлат зурур аст ва бо он метавон фарҳанги муътадили ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандонро густариш бахшид.

Воситаҳои ахбори омма бо назардошти ақидаҳои таҳлилгарон ва коршиносон сиёсати ҳуқуқии мамлакатро инъикос мекунанд. Аз навиштаҳои расонаҳои иттилоотӣ ва дигар матолиби ҳамсон пай бурдан мумкин аст, ки дар онҳо устувории вазъи дохилии мамлакат, мустаҳкам гардидани мақоми ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз таъмини манфиатҳои миллии хеш бархӯрдор будан, эътирофи истиқлолияту соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ ва идомаи муносибатҳо дар пояи баробарӣ амалӣ гардидааст.

Расул МАҶИДЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ
АМИТ «Ховар»