30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён вориди шаҳри Теҳрон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии меҳмони олимақом роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.
Зимни боздиди корӣ аз Теҳрон як зумра мулоқотҳои дуҷониба ва дидору гуфтугӯҳо низ дар назар аст.
https://prezident.tj/