Рӯзҳои 18-19 апрели соли ҷорӣ вобаста ба воридшавии анбӯҳи ҳавои сард ва намнок ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои ноустувор бо зуҳуроти хавфноки табиӣ пешгӯӣ мешавад. Санаи 18-19 апрел боришоти борон дар назар буда, дар бештари ноҳияҳо бошиддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад. Рӯзи 19 апрел дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр боришоти борон ба барф мегузарад. Дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истисно аз минтақаҳои баландкӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-15º пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати то 9-14м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 м/с вазида, дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва маркази ҷумҳурӣ санаи 17 апрел тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Рӯзҳои 18-19 апрел бо сабаби ба амал омадани боришоти бошиддат дар дарёҳои Панҷ, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Элок) ва Зарафшон баландшавии сатҳи аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои 18-20 апрел бинобар сабаби боришоти пай дар пай ва бошиддат ба истисно аз шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешанд.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон