Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Беларусро бо рӯйдоди хотирмон — ҷашни 70-солагии зодрӯзашон самимона табрику шодбош гуфта, ба муҳтарам Александр Лукашенко сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин ба нафъи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.
Дар ин зимн Пешвои миллат нақши созандаи муҳтарам Александр Лукашенкоро дар ҷодаи густаришу таҳкими муносиботи гуногунҷанбаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Беларус махсус таъкид карданд.
АМИТ «Ховар»