Имрӯз, 17 апрел Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни ин сафар дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.
Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
АМИТ «Ховар»