Аз таърих ба ҳар яки мо маълум аст, ки дар ҳар давру замон ва ҷамъияту макон, нафароне ба дунё меоянд, ки бо ҳастии хеш ба зиндагии атрофиён маъно, маъво ва рӯшание мебахшанд. Рисолати эшон танҳо тароват бахшидан ва осон намудани кору пайкори ҷамъият дониста мешавад. Бешак Худованд ин зумра зодагонро танҳо ба хотири бештар дарк намудани ҳастӣ, мафҳуми омадан ба ин дунё, эҳсос намудани масъулият дар назди халқи хеш, қурбон кардани худ баҳри зиндагии шоистаи дигарон меофарад. Бар ҳақ чунин низ ҳаст, зеро ҳар як халқу миллатро фарзонагонаш месозад, маҳз ҳамон зумрагоне, ки аз оғоз марому мақсуд, кору пайкор ва ҳадафу вазоифи худро дурусту дақиқ дарк кардааст. Яъне хизмат ба халқу Ватан. Ӯ дар оилае ба дунё омад, ки сардор ва сарбонаш марде буд пур аз ғурури ватандӯстӣ, марди фидоии миллати хеш. Марде, ки дар давраи мудҳишу вазнин Тоҷикистонро аз вартаи яъс ва ноумедӣ раҳо карда, тавонист ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо сипар кардани сина, таваккал кардани ҷон, бо ҳазорон азобу уқубату машаққат ояндаи дурахшону ободу озод бахшад. Банда аз замоне, ки ҳамчун аъзои комили коллективи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба фаъолият пардохтам, Рустами Эмомалиро ҳамчун роҳбари кордону корсозу корпардоз дарёфтам. Дар муносибат муомила ва муколамаи ӯ ҷиддият серталабӣ ва сермаҳсулӣ дида мешавад. Ӯ дар кутоҳтарин муддат пойтахти кишварро тавонист бо нигоҳи тоза ва ташаббусҳои созандаи худ ба куллӣ тағийр бидиҳад. Шаҳри Душанбе дар давраи фаъолияти пурсамари муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба макони баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ ва макони дӯстдоштаи сайёҳони дохилу хориҷ табдил ёфт. Дар баробари ҳамаи ин, баҳри муаррифии шоиста аз Меҳани хеш, анҷом додани мулоқоту вохӯриҳо баҳри мустаҳкам гардидани муносибатҳои тарафайн, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мунтазам ба кишварҳои дуру наздик сафарҳои расмию корӣ анҷом медиҳанд. Нахустин сафараш дар оғози соли 2024 аниқтараш 8 январи соли 2024 ба Ҷумҳурии Исломии Эрон буд. Сафари дурӯза хеле пурмуҳтаво буда, дар ин муддати кӯтоҳ муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавонистанд сар карда аз Раиси Ҷумҳури ин кишвар, баъдан Раиси Маҷлиси Шӯро ва сипас бо шаҳрдори Теҳрон мулоқот анҷом дода, масъалаҳои муҳиму мубрамро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар сафарҳои худ бо вижагии хос аз дигар роҳбарон фарқкунанда мебошад. Ӯ ҳар як сонияро самаранок истифода намуда, ин амалро ба ҳар як аъзои ҳайат низ талқин мекунад. Чун ӯ вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро бар душ доранд, 2 феврали соли 2024 барои дастгирӣ ва руҳбаланд намудани тими миллии Тоҷикистон ба шаҳри Доҳаи давлати Қатар сафар намуданд. Расидан баробар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар остонаи бозии чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии тими миллии Тоҷикистон мулоқот карда, барои бозии шоиста ба онҳо изҳори сипосмандӣ намуданд. Гуфтугӯи рӯ ба рӯ бо ҳар як узви дастаи мунтахаб як илҳому боварии фавқулодае бахшид ва онҳо воқеан ҳам таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамеша эҳсос мекунанд. 2 июни соли 2024 бошад Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин баргузор гардид. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Баъд аз анҷоми ҷаласа, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд. 21 ноябри соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, барои иштирок дар Ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуданд. Дар ин сафари дурӯза муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо ҳамтои худ аз Қазоқистон Маулен Ашимбаев, бо Раиси Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуда, дар кори ҷаласаи 57-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳар баромади хеш, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ғурури тоҷикона, бо як ҷасорату матонат баромад намуда, аз ҳуқуқу манфиатҳои Ватани хеш ҳимоят мекунанд. Дар оғози соли 2025 баъди аз нав ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар Ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуданд. Сафари навбатӣ низ чун сафарҳои пештар хеле густурда ва пурмуҳтаво буд. Аз вохӯриҳои як ба як бо ҳамтоёнои худ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқистон то иштирок ва баромад дар Ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. Амалинамоии тарҳу нақшаҳои басо муҳим баҳри рушду нумуи пойтахт, мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони кишварҳои хориҷ барои ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд, гузаронидани ҷаласаву иҷлосияҳо ҷиҳати ривоҷу равнақ ёфтани самтҳои гуногуни калидӣ дар шаҳри Душанбе, ифтитоҳ ва ба истифода додани иншооти таъиноташон гуногун баҳри таъмини зиндагии шоистаи сокинон, анҷом додани сафарҳои расмиву корӣ ба кишварҳои дуру наздик бо мақсади таҳким бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш, дар меҳвари асосии фаъолияти пурсамари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин маснад қарор дошту дорад. Дар иҷрои сарбаландонаи ҳамаи инҳо, ба Раиси муҳтарам – Рустами Эмомалӣ барору муваффақият ва иқболу обурӯ таманно дорем.

Ҷамшед ДОНИЁРЗОДА,

мудири шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

https://l.facebook.com/l.php?u=http%3A%2F%2Fwww.payomidushanbe.tj%2F%3Ffbclid%3DIwZXh0bgNhZW0CMTAAYnJpZBExWFphSnlmdzVkR2w2YzVmUwEextzi59O2jQtLTg7XIJm78WTNSpNIIBFkAYW0uQE9BW9wtrllV-2p-q2q3TY_aem_kA4T03rMayzc-Mf0-W8jRw&h=AT1qp1bcsK0hDEUDOqyGE8Sb7GNalH7o0zQFBU5KUOJNZElHBZ_gvkDJBU3kpU1TW6SmYObpkGGXLo7JnY7y4NHtZifNzRxaLptbnBJ2XAmd83aw_xYUZFBfLtelJKiPfaZneA