Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо рафти тадбирҳои омодагии иншооти соҳаи барқу гармидиҳӣ, аз ҷумла дар «Маркази барқу гармидиҳии-2» ба мавсими сармо шинос шуд.
«Маркази барқу гармидиҳии-2»-и шаҳри Душанбе яке аз иншооти асосии таъминкунандаи неруи барқ ва гармӣ дар пойтахт ба ҳисоб рафта, тавоноии он 400 мегаватт неруи барқ ва 235 Гкаллория гармӣ мебошад.
Имрӯзҳо дар «Маркази барқу гармидиҳии-2»-и шаҳри Душанбе дар доираи нақша-чорабиниҳо корҳои таъмирӣ ва навсозӣ дар қисми зиёди таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасонӣ иншоот ба анҷом расонида шуда, таъмири турбоагрегатҳо ва захираи ангишт дар нуқтаҳои нигоҳдорӣ ва анборҳои марказ идома дорад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки фаъолияти дастҷамъонаро тақвият бахшида, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳарчи зудтар таъмин намудани сокинони пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо гармӣ аз имконоти мавҷуда мақсаднок истифода баранд.
Барои бе мушкилӣ сипари намудани давраи тирамоҳу зимистон ва омодагии ҳамаҷонибаи «Маркази барқу гармидиҳии-2»-и шаҳри Душанбе корҳои зерин, аз ҷумла турбоагрегатҳои № 2 ва №-4, турбоагрегатҳои №-1 ва №-3, дегҳои буғии 1,2,3,4, бунгоҳҳои гармитақсимкунии №1 ва №2, 4 трансформатори қудратии Т-1 ва Т-2, васлакҳои элегазии- 220 килаватт Т-1 ва Т-2 аз таъмирӣ асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуда, дастгоҳу таҷҳизот пурра ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода карда мешаванд.
Сарвазири мамлакат ба масъулон супориш дод, ки дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 корҳои таъмирӣ дар иншооти мазкур бо сифат ва суръати баланд ба анҷом расонида шавад ва бо фаро расидани мавсими сармо тамоми бинову иншооте, ки ба низоми гармидиҳии пойтахт пайваст ҳастанд, бе мушкилӣ ва саривақт таъмин карда шаванд.
АМИТ «Ховар»