Бо фаро расидани фасли гармо сокинон, хусусан насли наврасу ҷавон барои худро аз гармои тоқатфарсо эмин нигоҳ доштан ба соҳили руду дарёҳо рафта, бидуни риояи талаботи бехатарӣ ба оббозӣ машғул мешаванд.

 

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он, ки ҳамасола қабл аз шурӯи оббозӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ гузаронида шудаву дар нуқтаҳои барои оббозӣ мамнӯъ лавҳаю овезаҳои гуногун насб карда мешаванд, аммо мардум бидуни боназаргирӣ дар он ҷойҳо оббозӣ карда, ба ҷони худу дигарон хатар эҷод мекунанд.

 

Тибқи оморҳои расмӣ то моҳи июн дар саросари кишвар 66 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарашон наврасони то 16-сола мебошанд.

 

Мо ба хотири пешгирии омилҳои афзояндаи ғарқшавӣ ва боло бурдани донишҳои мардум вобаста ба ҳолатҳои табиӣ дар барномаи “СУҲБАТИ РӮЗ” бо корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Ҷӯраев суҳбат кардем.

 

Дилшод Алсамадов