Имрӯз, 19 апрел соати 06:47:56.0 бо вақти гринвич ва соати 11:47:56.0 бо вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ ба амал омад, ки мутобиқи додаҳои пойгоҳҳои сейсмикии Роғун ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо магнитудаи 5,9 дар жарфи 96 км рух дод. Дар шаҳри Душанбе 3-3,5 баллро ташкил дод. Маркази заминҷунбӣ аз шаҳри Душанбе ба самти ҷанубу шарқ дар масофаи 334 км, аз рӯи додаҳои Институт, 339 км GEOFON ва аз маркази шаҳри Хоруғ бошад аз рӯи додаҳои Институт дар масофаи 109 км, GEOFON 143 км ва аз НОБ-и Роғун аз рӯи додаҳои Институт дар масофаи 283 км, GEOFON 300 км ҷойгир мебошад.
Аз рӯи маълумоти ба дастомада, заминҷунбӣ ҳудуди Ҷумҳуриҳои Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистонро такон додааст.


t.me/akademia55