Дониш қудрат ва оне, ки ҳамеша меомӯзад, дар ҷомеа ҷойгоҳи шоиста меёбад. Зеро маҳз бо омӯхтану азхуд кардани донишҳо метавон авзои ҷаҳонро дарк намуд, мавқеи хешро дар ҷомеа дарёфт ва дар ҳалли мушкилот нақши бориз гузошт. Аз ин рӯ, омӯзиши амиқу дониш ҳеҷ гоҳ танаффус надорад ва бояд мунтазам китобу асарҳо мутолиа намудаву маърифат кард.
Масъалаи тавонмандии дониш ва неруи пешбари он дар ҷомеа дар мақолаи пурмуҳтавои доктори илмҳои сисёсатшиносӣ, профессор С. Ятимов таҳти унвони «Ба дониш гарою бад-ӯ шав баланд» бо далоили илмӣ таҳлилу баррасии ҳамаҷониба гардидааст ва нақши он ҳамчун неруи пешбари ҷомеа равшан карда шудааст. Воқеан, омӯзишу таҳлили мақолаи мазкур метавонад рисолати омӯзиш ва донишро барои насли наврасу ҷавон ҳамаҷониба маънидод намояд ва дар роҳи фаро гирифтани донишҳои муосир руҳи шикастнопазирро ба муҳассилин эҳдо кунад. Ба ин мазмун, муаллиф зикр менамояд: «Дониш аст, ки тавассути азхуд кардани қонунмандиҳо, омил, сабабҳои вуҷуд, рушду тараққии зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур, инсон имконоти дастрасӣ ба воқеиятро пайдо мекунад. Барои беҳбуди зиндагӣ аз онҳо истифода менамояд».
Дониш дар меҳвари суханрониҳои Пешвои миллат
Оғози мақолаи профессор С. Ятимов бо сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад: «Фаромӯш накунед, ки танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму оинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад».
Дарвоқеъ, Пешвои миллат дар ҳар як суханронии хеш бо аҳли илму маориф ба масъалаи маърифатманд гардонидани хонандагону донишҷӯён таваҷҷуҳ менамоянд ва рисолати аҳли ҷомеаро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ мекунанд. Чунки наврасону ҷавононе, ки дорои дониш ва ҷаҳонбнии пешрафта мебошанд, аз як тараф, ба дарки воқеии ҳастӣ мерасанд, аз ҷониби дигар, дар онҳо неруи ҷустӯҷу ва пайдо намудани офарандагӣ ташаккул меёбад. Ба таъкиди донишманди тоҷик С. Ятимов, «…бидуни илм, донистани ҳақиқати воқеӣ дар кулли соҳаҳои ҳаёти инсонӣ – сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, маънавиёт ва ғайра имкон надорад».
Маълум аст, ки маҳз доштани донишҳои илмӣ ва фазилати офарандагиву эҷодкорӣ метавонад дар тағйири кулли соҳаҳо ва пешрафти кишвар мусоидат намояд. Дар ин замина, суханрониҳои Пешвои миллат бо аҳли илму маориф ҳамчун роҳнамо хидмат мекунанд ва масири ояндаи кишварро, ки ҷуз дониш ва илму фановарӣ нест, мушаххас мекунанд. Дар зимн, суханрониҳои Сарвари давлат ҷанбаи қавии илмию амалӣ ва омӯзишӣ доранд ва ҳар як фарди ҷомеаро водор мекунанд, ки ба тақдири ояндаи кишвар, ки тарбияи насли шоиста ва фановару соҳибмаърифат мебошад, бетараф набошанд. Дар баробари ин, дар ҳар як суханронии Президенти кишвар авзои ҷаҳони муосир масъалагузорӣ мешавад, ки дар ин росто, мусаллаҳ гардонидани наврасону ҷавонон бо донишҳои муосир таъкид мегардад. Неруи донишу хирад, маърифат ва рисолати ҳар фарди ҷомеа дар замони муосир дар заминаи дарку маърифат ва хиради ӯ равшан мегардад. Маҳз дарки авзои замон ва бархӯрдор будан аз донишҳои муосир метавонад кишварро ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардонад.
Маълум аст, ки фаро гирифтани дониш аз имконот ва шароит низ вобаста мебошад. Дар мамлакат имрӯз барои фаро гирифтани донишҳои муосир тамоми имконот ва шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Сарвари давлат соҳаи маорифу илмро ҳамчун соҳаи тақдирсози миллӣ дар сиёсати давлатӣ дар авлавият қарор додаанд. Аз ин ҷост, ки ислоҳот дар соҳаи мазкур бомаром идома дошта, дастоварду комёбиҳои назаррас ба даст оварда шуд. Дар баробари ин, Сарвари давлат ҳамасола дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо омӯзгорону хонандагон мулоқот ва суханронӣ менамоянд. Дар меҳвари суханрониҳои Пешвои миллат дар Рӯзи дониш тарбияи хонандагону донишҷӯёни дорои донишу ҷаҳонбини пешрафта қарор дорад ва муҳимтар аз ҳама, дар ин замина рисолати омӯзгорон низ соҳибмаърифат гардонидани насли наврас маҳсуб меёбад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат фармудаанд: «Ҳадафи асосии Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад».
Шоистаи таъкид аст, ки дар кишвар бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат имконоту шароити мусоид ҷиҳати азбар намуани донишҳои муосир фароҳам оварда шудааст ва танҳо дарку маърифати нуктаҳои асосии суханрониҳои Сарвари давлат, ки комёбии ҳар миллату кишварро таъкид намудаанд, кифоя аст. Инчунин, бо дастури Пешвои миллат озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ шуданд, ки маҳаки асосии онҳо бархӯрдор гардидан аз донишҳои муосир, пайванди илм бо истеҳсолот ва ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи асарҳои адабиву илмӣ ва ба ин васила, дар пешрафти кишвар нақши бориз гузоштан мебошад. Озмунҳои мазкур таҳаввулоти маънавиро дар ҷомеа ба вуҷуд оварданд ва наврасону ҷавонон, дар умум, аҳли ҷомеаро ба омӯзишу мутолиа ҷалб намуданд, ки қадами асосӣ дар роҳи фаро гирифтани донишҳои бунёдӣ маҳсуб меёбад. Ба ин мазмун, профессор С. Ятимов мегӯяд: «Дар тамоми ҳолат, ҳеҷ имкон надорад, ки инсон наомӯхта, дониш наандӯхта, хун аз ҷигар нарехта донишманд гардад. Гарчанде кам нестанд одамоне, ки худро чунин вонамуд карданӣ мешаванд».
Ба дониш равонро тавонгар кунед
Мусаллам аст, ки дар дарозои таърих шоирону мутафаккирони тоҷику форс ва ҷаҳон масъалаи омӯхтани илм ва азхуд кардани донишҳои муосирро пайваста талқину таъкид кардаанд. Аз ин маълум мегардад, ки дар ҳама давру замон неруи дониш пойдор аст ва нуктаҳои ҳикматборе, ки дар ин замина гуфта шудаанд, имрӯз низ аҳмияти худро гум накардаанд, балки бештар моҳияти худро дарёфтаанд. Зеро асоси комёбиву пешрафти инсон ва ҷомеа аз дониш сарчашма мегирад. Ин нукта моро водор менамояд, ки бештар осори гаронбаҳои мутафаккирони гузаштаи хешро биомӯзем, масъалагузориҳоеро, ки дар асарҳояшон ироа гаридааст, ба таври фарогир таҳлилу баррасӣ ва маърифат намоем ва дар бунёди ҷомеаи навини хеш истифода кунем. Ба ин маънӣ, неруи дониш ва рисолати он дар асарҳои безаволи гузаштагон пайваста таъкид гардидааст. Аз ин рӯ, дар меҳвари мақолаи донишманди тоҷик С. Ятимов таҳлили ашъори ба масъалаи дониш бахшидаи мутафаккирони тоҷику форс қарор гирифтааст. Ин ашъори гаронбаҳою мондагори устод Рӯдакӣ, ки яке аз аввалин тарғибгарони хираду маърифат ва дониш мебошад, ба ҳисоб меравад. Ва байти машҳури «Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст», ифодагари возеҳи неруи дониш ва далели гуфтаҳои болост. Муаллиф дар мақолаи худ бо овардани абёти хирадгароёнаи устод Рӯдакӣ назари иҷмолӣ намуда, диққати асосиро ба асари арзишманди Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» равона мекунад. Таҳлили абёти ба масъалаи дониш бахшидаи ин мутафаккири барҷастаи тоҷику форс, воқеан, боиси омӯзишу мутолиа ва дарку маърифат мебошад. Маҳз такя намудани профессор С. Ятимов ба «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ аз чанд паҳлу муҳимму муфид мебошад. Аввалан, Ҳаким Фирдавсӣ аз бузургтарин ҳамосанависони адабиёти на танҳо тоҷику форс, балки ҷаҳон мебошад ва осори ӯ ифодагари ҳувияти миллӣ, амнияти марзу бум ва шинохти миллат маҳсуб меёбад. Дар меҳвари асари мазкур донишу хирад ва маърифат қарор дорад ва маҳз ин омилҳои маънавият метавонад амнияти давлатро таъмин кунанд, ба ҳифзи марзу бум мусоидат кунанд ва ба пешрафти кишвар такони ҷиддӣ бахшанд. Бо дастури Пешвои миллат соли оянда Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад ва ин мақола дар шинохти бештари «Шоҳнома» ва ҳадафу мақсади таълифи ин шоҳкори адабиёти ҷаҳон ва дарку маърифати донишу хирад, аз як тараф, инсонро бо донишу маърифат қудратманд, аз ҷониби дигар, ба омӯзиши ҳамагонии он мусоидат мекунад. Дар мақолаи мазкур нақши илму дониш дар дифоъ аз кишвар, амнияти ҷомеа, ҳифзу ҳимояи Ватан, дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ, ҳикмати таърих ва муайяну мушаххас намудани ояндаи дурахшони давлат ба таври саҳеҳу дақиқ таҳлилу таҳқиқ гардидааст. Ба таъкиди муаллифи мақола, «Дар таълимоти Фирдавсӣ дониш ҳамеша ба маънои илм истифода мешавад. Зеро он хосияти офариниш, созандагӣ, амалӣ ва худкифоии инсонро дар зиндагии ҳаррӯзааш инъикос менамояд. Воситаест, ки одам тавассути воридшавӣ ба моҳияти ашё, қобилияти аз он истифода карданро пайдо мекунад. Дониш самаранокии фаъолият ва ба рӯзи нек расидани инсонро таъмин месозад:
Ба дониш бигравӣ, коми дил ёфтӣ,
Расидӣ ба ҷойе, ки биштофтӣ».
Яъне, таҳлили ҳамаҷонибаи абёти ба масъалаи донишу хирад ва маърифат иртиботманди Фирдавсӣ аз ҷониби профессор С. Ятимов аз дидгоҳи ватндӯстона сурат гирифтааст, ки қобили ситоиш мебошад. Таҳлили абёти достонҳои «Шоҳнома» бо забони содаву равон ва дарку фаҳмиши аҳли ҷомеа мувофиқ сурат гирифтааст, ки ин омил метавонад дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва дӯст доштани Ватан таъсири амиқ расонад. Ба гунаи мисол: «Муаллифи «Қуръони Аҷам», ин абармарди порсӣ, ки дар масъалаи ҳимояи манфиатҳои Ватан бо тору пуди танида рӯзгор мебурд, муътақид буд: кишвар ҳамон вақт дар оромиву осудагӣ ва рушду тараққӣ зиндагӣ мекунад, ки ҷомеа аз нури илму маърифат, вожаномаҳои хирад, ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти бозпаснигариву ояндабинӣ, ҳикмату ибрати таърих огаҳии эътиқодмандона ва хулосабарангез дошта бошад. Аз ҷумла, шоир ба ҳамватанони хеш омирона муроҷиат мекунад:
Нигаҳ кун ба ҷойе, ки дониш бувад,
Зи дониш кишвар ба ромиш бувад».
Рушди илм — асоси пешрафти давлат
Илму дониши бунёдӣ пешрафти давлат ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин мекунанд. Ҷомеае, ки соҳиби донишу хирад аст, неруманд мебошад ва ба ин васила, ба комёбиву дастовардҳои беназир ноил мегардад. Бинобар ин, дар кишвари мо низ таваҷҷуҳи асосӣ ба илмҳои бунёдӣ равона гардидааст, то кишвар ба марҳалаи нави рушду пешрафт ворид гардад ва бо неруи илм дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шавад. Ба ин маънӣ, як назари иҷмолӣ ба кишварҳои пешрафта, аз қабили Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон… кофист, то мушаххас намоем, ки донишу хирад таконбахшу муаррифгари давлат мебошад. Фалсафаи ҷомеаи пешрафта дар он инъикос меёбад, ки инсонҳо дар зиндагӣ ба умеди касе ё воситае намешаванд, танҳо омӯзишу соҳиби дониш гардиданро асоси комёбӣ дармеёбанд. Бояд мо низ талош бар он варзем, ки дар тафаккуру андешаи ҳар як наврасу ҷавон дониш ҳамчун қудрат маърифат карда шавад ва роҳи расидан ба дарёфти ҳиқиқат ва мақсад фаҳмида гардад. Муаллифи мақолаи «Ба дониш гарою бад-ӯ шав баланд» дуруст мефармояд: «…дар тамоми давру замон тавоноӣ, арзишмандӣ ва шоистасолории фард дар алоҳидагӣ ва миллат дар маҷмуъ, ба дараҷаи дониш ва маърифати ӯ баробар дониста шудааст».
Дар роҳи худшиносии миллӣ
Баланд гардидани худшиносиву худогоҳӣ аз сатҳи маърифати ҷомеа вобаста мебошад. Дарки дониш инсонро маърифатманд мегардонад ва ӯ ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби ҳеҷ гурӯҳи тахрибкору ифротӣ намеафтад. Аз ин ин рӯ, таассубу хурофот натиҷаи бедонишиву бехирадист. Дар мақолаи мазкур махсус ба масъалаи мазаммати бедонишӣ сухан меравад ва ба таври возеҳу равшан инсони бедонишу бемаърифатро монеи пешрафти ҷомеа медонад ва ин нукта дар асоси шоҳкори мондагори Фирдавсӣ ба таври бармало таҷассум гардидааст. Муаллиф андешаҳояшро дар заминаи байтҳои мондагори Ҳаким Фирдавсӣ асоснок намуда, аз дигар мутафаккирони бузург, ба монанди Аристотел, Сун Тзи, Буддо ва дигарон тақвият мебахшад. Аз ҷумла, таъкид менамояд: «Фирдавсӣ шахси бедонишро бо ҳазор сифат тафсири нохушоянд мекунад. Хулосаи худро бо афсӯсу ҳасрат нисбат ба чунин ашхос эълон менамояд ва ҳамзамон, ҳушдор медиҳад:
Чунин гуфт дастури бо фарру зеб,
Ки бедониш сабуктар пазирад фиреб».
Аз ин рӯ, роҳи асосии раҳоӣ аз ҷаҳолат дониш аст. Дониш инсонро ҳамаҷониба инкишоф медиҳад ва ҳисси ифтихору накуиро дар он парвариш мекунад. Дар ҷомеае, ки наврасону ҷавононаш ба доми фиреб ва ҳар гуна сафсаттаҳои дурӯғин бовар мекунанд, натиҷаи маҳсули бедонишӣ мебошад ва роҳи ҳалли он танҳо омӯзиши амиқ ва хираду маърифатмандист.
Хулоса
Аз таҳлилу омӯзиши амиқи мақолаи муҳтавоманди профессор С. Ятимов «Ба дониш гарою бад-ӯ шав баланд», ки ҳукми як рисолаи комилро дорост, маълум мегардад, ки танҳо неруи пешбари ҷомеа ва давлат илму дониш ва маърифату хирад мебошад. Аз ин рӯ, моҳияти бузурги илму дониш ва маърифат дар ҷомеа бояд ҳамаҷониба омӯзонида шавад ва мардум дарк намоянд, ки неруи дониш шикастнопазир аст. Дар зимн, омӯзиши асарҳои гаронбаҳои мутафаккирони тоҷику форс ва таҳлилу баррасии асарҳои онҳо ва мувофиқ ба синну соли наврасону ҷавонон шарҳу тавзеҳ бахшидани онҳо корест муфид барои аҳли ҷомеа. Дар мақола муаллиф андешаҳояшро дар заминаи хушку холӣ ироа накардааст, балки аз рӯйи таҳлилу омӯзиш ва таҷриба сухан меронад ва барои тақвияти андешаҳояш аз асарҳои илмию адабӣ бамавқеъ истифода кардааст, ки ин омил аҳаммияти илмию амалии онро боз ҳам баландтар мегардонад. Дар баробари ин, омӯзишу таҳлили мақолаи мазкур дар муассисаҳои таълимӣ барои шинохти бештари нақши илму дониш ва маърифат мусоидати амиқ мекунад ва наврасону ҷавононро барои боз ҳам бештар ба омӯзишу мутолиа рӯй овардан ва соҳиби донишҳои муосир гардидан такон мебахшад. Забони содаву равон ва оммафаҳми мақола ва андешаҳои асосноки муаллиф дар асоси осори гаронбаҳои мутафаккирони форсу тоҷик ва ҷаҳон, махсусан, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ моро водор мекунад, ки бештару фаротар ба осори гаронбаҳои гузаштагонамон рӯ орем ва мавзуъҳоеро таҳлилу баррасӣ намоем, ки дар замони муосир ва давлатдории навини мо мувофиқ бошанд. Ва имрӯз неруи асосие, ки ба пешрафти кишвари мо мусоидат мекунад, илму донишу маърифат мебошад ва ин нуктаро доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор С. Ятимов бамавқеъ дарёфтааст: «Дониш шарти аслии такомули инсон, суботи ҷомеа, замонати обрӯ, рушди миллат ва бақои давлат аст. Бузургии илму маърифат баробар аст бо бузургии Ватан».
Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология,
Насриддин ОХУНЗОДА,
номзади илми филология