Соли равон дар доираи иҷрои чорабиниҳои «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ҷиҳати муайян намудани захираи барф мушоҳидаҳои аэровизуалӣ дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб ва минтақаи Канаски ҳавзаи дарёи Кофарниҳон гузаронида шуд.
Тавре муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт: натиҷаи мушоҳидаҳои аэровизуалӣ нишон дод, ки сарҳади қабати барфпӯш 1950-2700 метр аз сатҳи баҳрро ташкил дода, захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб ва Кофарниҳон -минтақаи Канаск 82 фоизи меъёри бисёрсоларо ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 фоиз кам мебошад.
Инчунин дар ин давра мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои Майхӯра, Ҳушёрӣ ва Такоби ноҳияи Варзоб, ҳавзаи дарёҳои Саратоғи ноҳияи Айнӣ, Камароби ноҳияи Рашт, Ёхсуи ноҳияи Муъминобод, Обихингоби ноҳияи Сангвор, Ванҷоб ва Ғунди Бадахшон корҳои барфченкуниро бо усули пиёдагардӣ ба анҷом расониданд, ки аз рӯи он ҳисоботҳо ва варақаҳои захираи барф омода гардиданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»