Аз 8 то 13 апрели соли 2026 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии математикии Туркманистон баргузор гардид.
Дар ин Олимпиада 28 нафар хонандагони тоҷик иштирок намуда, сазовори 15 медал аз ҷумла 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд.
Олимпиада аз ҷумлаи сабқатҳои сатҳи баланд ба ҳисоб рафта, дар он хонандагони зиёда аз 15 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.